Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши Олмон дар бораи талошҳои ҳастаии Эрон


Корхонаи ҳастаии Исфаҳон - яке аз маҳалҳои ғанисозии урани Эрон

Корхонаи ҳастаии Исфаҳон - яке аз маҳалҳои ғанисозии урани Эрон

Олмон рӯзи 8 июл гуфт, нирӯҳои муҳофизакор дар Эрон зоҳиран талош доранд, ба фанновариҳои ҳастаӣ даст биёбанд ва ин кор зоҳиран бо мақсади тахриби муомилаи ҳастаии Теҳрон бо Ғарб анҷом мешавад. Оҷонсии иктишофии Олмон дар гузориши солонааш гуфт, талошҳои пайвастаи Эрон барои ғайриқонунӣ ба даст овардани фанновариҳои ҳастаӣ дар Олмон дар соли 2015 низ дар “сатҳи баланд” идома дошт. Гузориши алоҳидаи оҷонсии иктишофии сарзамини Рейни шимолӣ –Вестфалия дар ин ҳафта гуфт, ки соли гузашта 141 талоши даст ёфтан ба фанновариҳоро сабт кардааст, ки аз се ду ҳиссааш ба Эрон рабт дошт. Сухангӯи вазорати хориҷаи Олмон Мартин Шафер рӯзи 8 июл дар шарҳи ин гузоришҳо гуфт, хондани ин маълумот “нохушоянд” аст, вале онҳо давраи то 1 январи соли ҷориро, ки муомила бо Эрон ба иҷро даромад, фаро мегиранд. Ӯ ҳадс зад, ки талошҳои дар ин гузоришҳо сабтшудаи Эрон шояд аз сӯи нирӯҳои дар дохили Эрон анҷом шуда бошад, ки мухолифи муомилаи ҳастаиянд. Бар асоси он муомилаи моҳи июли соли 2015 бадастомада бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон розӣ шуд, то дар ивази сабуктар кардани таҳримоти иқтисодии Ғарб танҳо ба фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомез маҳдуд шавад. Мартин Шафер гуфт, “дар дохили Эрон нирӯҳое ҳастанд, ки барояшон сиёсати раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи ин кишвар мисли хор дар чашманд. Онҳо метавонанд бо ин ё он роҳ талош кунанд, то муомилаи ҳастаӣ ва оддӣ шудани равобити байни мо ва Эронро хароб кунанд ва ё дар роҳаш сад бисозанд. Мо инро аз наздик пайгирӣ мекунем.” Ғарб қаблан Эронро ба талоши сохтани бомби ҳастаӣ айбдор мекард, вале Теҳрон исрор меварзид, ки барномаҳои ҳастаияш табиати сирф осоишта доранд.

XS
SM
MD
LG