Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Даллас сафари Обамаро кӯтоҳ кард


Ҳамлагари Даллас

Ҳамлагари Даллас

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сафараш ба Аврупоро ба хотири боздид аз шаҳри Далласи аёлати Техас, маҳалли қатли 5 афсари пулис кӯтоҳ мекунад. Қотили афсарони пулис гуфтааст, ки ӯ мехост “одамони сафедпӯстро бикушад.” Кохи Сафед гуфт, Обама баъди нишасти сарони кишварҳои узви паймони низомии НАТО дар Варшава рӯзи 9 июл аз Испания ҳам боздид мекунад, вале сипас барномаашро мухтасар хоҳад кард, то битавонад ибтидои ҳафтаи оянда ба Даллас биравад. Обама куштори Далласро ҳамчун амали “зишт” маҳкум кард. Сарбози захиравии артиши Амрико Мика Ҷонсон, ки аз тири пулис кушта шуд, дар Афғонистон хидмат карда, дар манзилаш амбори аслиҳа, муҳимот ва маводи лозим барои сохтани бомбро ҷамъ карда буд. Мақомоти аршади Амрико рӯзи 8 июл гуфтанд, ки ба бовари онҳо, Ҷонсон танҳо амал мекард. Ӯ дар ҷараёни музокироти пеш аз кушта шуданаш ба пулис гуфтааст, ки танҳо амал мекард ва ба далели болои сиёҳпӯстон тир кушодани пулис одамони сафедпӯстро ба ҳадаф дошт. Дар ҳоле ки пулис ибтидо як силсила гумонбаронро дастгир кард, раиси Департаменти амнияти дохилии Амрико Ҷе Ҷонсон гуфт, “зоҳиран танҳо як мусаллаҳ буд”, ки дар ҷараёни эътирози рӯзи 7 июл 5 нафарро кушта, 9 тани дигарро захмӣ кард. Ӯ афзуд, кадом иртиботи ҳамлагар бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ё аз ин созмонҳо илҳом гирифтани ӯ дида намешавад. Дар як ҳамлаи дигари зоҳиран ба пайравӣ аз ҳамлаи Даллас анҷомшуда, дар аёлати Теннесси марде, ки бенизом ба сӯи мошинҳо тир мекушод, як занро кушта ва се тани дигарро захмӣ кардааст. Ӯ ба пулис гуфтааст, ки аз хушунати пулис алайҳи амрикоиҳои африқоитабор ба хашм омада буд. Рӯзи 8 июл афсарони пулис дар аёлатҳои Миссури ва Ҷорҷия низ ҳадафи ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG