Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим. Ҳукмҳо содир шуданд, қазия норӯшан монд


Баррасии парвандаҳои афроди гурӯҳи Абуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим бо судури ҳукми Ҷамол Назаров, бародари ӯ дар пушти дарҳои бастаи додгоҳҳо ба анҷоми худ наздик шуд. Охирин бародари боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалимро додгоҳи шаҳри Душанбе барои даҳуним сол равонаи зиндон кард. Мурофиаи парвандаҳо бо иттиҳоми "кӯшиши табадуллоти давлатӣ" даҳ моҳ боз ҷараён дошт ва даҳҳо нафар бо ин иттиҳом ва айбҳои дигар аз 1,5 сол то зиндони абад ҳукм гирифтанд.

Парвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҷонибдоронаш ба шакли пӯшида ҷараён гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло ҳам иттилоъ надорад, ки собиқ муовини вазири дифоъ чӣ барнома дошт ва чаро ба кӯҳ фирор кард. Тамоми хабарҳои марбут ба ин қазия танҳо аз як манбаъ -- мақомоти қудратӣ берун шуданд ва вакилони боздоштшудаҳо, ки бо парванда ошноӣ доштанд, аз сӯҳбат бо хабарнигорон канораҷӯӣ мекарданд. Баррасии пӯшидаи парвандаи "табадуллоти Ҳоҷӣ Ҳалим" тасвири комили таҳаввулоти авоили моҳи сентябрро аз назари ҷомеа пинҳон кардааст.

Хабаргузориҳо танҳо бо роҳҳои ғайрирасмӣ ин маълумотро пайдо кардаанд, ки се бародар аз хонаводаи Мукаммиловҳо, ки дар пинҳон кардани туфангчаи Назарзода муттаҳам мешуданд, аз 1,5 то 6 сол зиндонӣ шуданд. Муҳаммад Назаров, писари Ҳоҷӣ Ҳалимро ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаев, ки аз аъзоёни калидии дастаи Ҳоҷӣ Ҳалим хонда мешуданд, ҳукми абад гирифтанд. Амрулло Нуров, ронандаи Абдуҳалим Назарзода 23 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Аммо ба ҷуз мӯҳлати ҷазои аъзоёни ин гурӯҳ маълумоте, ки онҳо дар ин гурӯҳ чӣ нақш доштанд ва чаро бо кадом ваъдае барои анҷоми ҳамлаи мусаллаҳона силоҳ ба даст гирифтанд, рӯшан нашуд.

Сайфиддин Наҷмиддинов, як тан аз пайвандони Назарзода 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, на ҳамаи хешовандон аз ҳуқуқи иштироки озодона дар мурофиаҳои додгоҳиро бархӯрдор буданд. Онҳое, ки ҳамчун шоҳид ширкат мекарданд, ба мақомот забонхат додаанд, ки аз дидаву шунидаи худ дар толори додгоҳ ба касе лаб накушоянд.

Як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бисёре аз ин парвандаҳо муҳри махфӣ доштанд ва барои ҳамин пӯшида баргузор шуданд. Сабаби дигар ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин аст, ки аксар аъзои ин гурӯҳ ҳарбиёни собиқ буданд ва шаҳодати онҳо дар додгоҳ хусусиятӣ сиррӣ дошт. Аммо ба гуфтаи ӯ, на ҳамаи ин парвандаҳо муҳри махфӣ доштанд ва имкони иштроки озод дар толорҳҳои додгоҳ таъмин буд.

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Додситонии кулли Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодаро ба кӯшиши табадулоти давлатӣ ва куштори ҳарбиён муттаҳам медонист. Мақомот мегӯянд, ки ӯ дар фосилаи чанд рӯз баъд аз оғози амалиёти вижа дар кӯҳҳои дараи Ромит, кушта шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, иттиҳом алайҳи ин афрод пас аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 ҷиддӣ буд, аммо дар ин миён ба ҷуз ҳарфҳои умумӣ, ҳеҷ санаду далели собит ба мардум пешкаш нашуд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ пӯшида гузаштани мурофиаҳои додгоҳӣ, шаку гумонҳоро дар мавриди ин ҳодисаро бештар кард.

“Ҳатто шахс гунаҳкор ҳам бошад, мурофиаҳо шаффоф баргузор нашаванд, парванда зери шубҳаи мутахассисон, ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналхалқӣ меравад. Пӯшида гузаштани ин мурофиаҳо шубҳаҳоро дар дохилу хориҷ зиёд кард. Фикр намекунам, он афроде, ки узви ин гурӯҳ буданд, ба сирри давлатӣ дастрасӣ доштанд. Бубинед, ронандаи Ҳоҷӣ Ҳалим магар метавонист сири давлатиро бидонад? Ҳатто солҳои сиюм вақте одамонро ба хиёнат ба давлатгунаҳкор мекарданд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо иштироки мардум мурофиаҳояш мегузашт. Вақте гуноҳи онҳо бо факту далел ба мардум пешкаш мешуд, он гаҳ касе шубҳа намекард. Адвокатҳо пас аз мурофиа бояд сӯҳбат мекарданд, вале аз онҳо ҳам имзо гирифтанд, ки дар бораи парванда бо касе сӯҳбат накунанд ”- мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова.

Аммо Маҳдии Собир, корманди Маркази тадқиқоти стратегии наздик президенти Тоҷикистон 8-уми июл дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ба хотири ҳифзи амнияти шоҳидон, ҷабрдидагон ва кормандони додгоҳу додситонҳо, пӯшида гузаштани мурофиаҳо ба манфиати кор буд.

“Маҳдуд баргузор шудани мурофиаҳои ин афрод дуруст буд. Дар тамоми дунё мурофиаҳои афроде, ки амалҳои террористӣ содир мекунанд, пӯшида мегузарад. Ҷинояткорон махсусан хатарнок буданд ва шояд тарафдорони дигари онҳо дар озодӣ бошанд. Вақте аз васоити ахбори омма мефаҳманд, ки судяи парванда кӣ буд ва кадом прокурор дар он иштирок дошту кадом шоҳид зидди онҳо шоҳидӣ додааст, мумкин ба онҳо зиён мерасонданд”- мегӯяд Маҳдии Собир.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Субҳи 4-уми сентябр ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода, ки то он рӯз муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд, донистанд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзоёни ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар пайи ин ҳодиса наздик ба 200 нафар боздошт шуд ва ҳоло ҳукми аксари онҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст. Мурофиаҳои додгоҳии ин афрод пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд ва ҳатто расонаҳои давлатӣ аз содир шудани ҳукми онҳо, мисле, ки ҳангоми боздошташон иттилоъ дода буданд, дигар хабаре пахш накарданд.

XS
SM
MD
LG