Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама куштори кормандони полиси Далласро маҳкум кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, куштори кормандони полис ҳангоми намоиши эътирозӣ дар шаҳри Далласро маҳкум кард. Ба навиштаи рӯзномаи The Guardian, Обама ин ҳамларо “нафратовар” номидааст.

Раисиҷумҳур аз номи мардуми Амрико ба мири Даллас изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, ки барои ҳама гуна кӯмак ба шаҳр омода аст.

Бар асари тирандозӣ ҳангоми намоиши эътирозӣ алайҳи хушунати полис дар Даллас панҷ тан аз кормандони ҳифзи тартибот кушта шуданд. Бино ба хабари телевизиони CNN, сӯи кормандони полис, ки амнияти намоишро таъмин мекарданд, аз камингоҳ оташ кушодаанд. Хабарнигори ин шабака гуфт, ки яке аз гумонбарон дар ҳамла ба полис кушта шудааст. Дар ин ҳодиса ҳафт нафари дигар, аз ҷумла, як сокини осоишта маҷрӯҳ шудаанд.

Аз ин пеш хабаргузории Аssociated Press бо такя ба раиси полиси шаҳри Даллас Дэвид Браун хабар дод, ки се нафар боздошт шудаанд ва гуфтушунид бо яке аз гумонбарон идома дорад.

Намоишҳои эътирозӣ дар Даллас ва дигар шаҳрҳои ИМА баъд аз он баргузор шуданд, ки аввалҳои моҳи июл кормандони полис ду амрикоии африқоинажод – Алтон Стерлингро дар шаҳри Луизиана ва Филандо Кастайларо дар шаҳри Миннесота ҳадафи тир қарор доданд. Ҳарду онҳо ҳангоми боздошт кушта шуданд – кормандони полис пойфишорӣ доранд, ки аз чаҳорчӯби қонун берун пой нагузоштаанд.

Як сол пеш дар шаҳри Фергюсон (аёлати Миссури) бар асари бенизомиҳо дар солгарди куштори ҷавони 18-солаи сиёҳпӯст Майкл Браун аз сӯи корманди полис вазъи фавқулодда ҷорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG