Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арабистони Сауъдӣ мегӯяд, маргталабе, ки ба Масҷиди Паёмбар Муҳаммад дар шаҳри Мадина ҳамла карда буд, як ҷавони саъудӣ бо собиқаи нашъакашӣ будааст.

Вазорати умури дохилаи Арабистони Саъудӣ рӯзи 8 июл хабар дод, ки дар робита ба ин ҳамла дар дуввумин шаҳри муқаддаси мусалмонҳо ва ду ҳамлаи дигари рӯзи 4 июл 12 покистонӣ ва ҳафт шаҳрванди Арабистони Саъудӣ дастгир шудаанд.

Бино ба хабари вазорат, Наир ал-Нуҷунайдӣ ал-Балавии 26 сола дар таваққуфгоҳи мошинҳо дар канори масҷиди Паёмбар ҳангоми аз сӯи муҳофизон дастгир шудан камарбанди худро тарконд ва чаҳор нафарро кушт.

Дар канори масҷиди шиаҳо дар шаҳри Катифа се маргталаб худро тарконида буданд. Дар ин ҳамла ба сокинони осоишта ва кормандони полис осебе нарасидааст. Ба гуфтаи мақомоти полис, ҳамлагарон Абдулраҳмон Солеҳ Муҳаммад, Иброҳим Солеҳ Муҳаммад ва Абдулраҳим ал-Ҳуснӣ аз фаъолони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ буданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо қаблан ин гуна бомбгузориву амалҳои маргталабона аз сӯи ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” сурат мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG