Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Нишасти НАТО - муҳимтарин баъди хатми "ҷанги сард" аст


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ки ахиран барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО вориди шаҳри Варшава шудааст, изҳор намуд, ин ҷаласаи Паймони НАТО шояд муҳимтарин дар ҳама давраи баъд аз хатми “ҷанги сард” шавад.

Дар шарҳи Барак Обама дар рӯзномаи Financial Times гуфта шудааст, ки дар нишаст бояд НАТО ба таври қатъӣ аз ҳар кишвар узв пуштибонӣ карданашро иброз намояд.

Барак Обама ҳамчунин ба зарурати ҳифзи таҳримҳо алайҳи Русия то иҷрои ҳама нуктаҳои созиши Минск оид ба хатми низоъ дар шарқи Украина таъкид кард.

Сарвари ИМА ваъда дод, ки кӯмак ба Украина дар ҳифзи истиқлол ва якпорчагияшро идома хоҳад дод.

Барак Обама ба боқӣ мондани робитаҳои махсуси миёни Вошингтон ва Лондон таъкид намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки Бритониё яке аз ширкаткунандагони асосии амнияти Аврупо хоҳад буд ва баъд аз хурӯҷаш аз Иттиҳодияи Аврупо ба тадриҷ тарзи нави муносибат бо ин иттиҳодияро таҳия хоҳад кард.

Аз замони таъсисёбии НАТО то кунун 27 мулоқоти сатҳи олӣ баргузор шудааст. Дар саммити Варшава рӯзи 8 июл 58 ҳайати расмӣ, аз ҷумла намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал, Бонки Ҷаҳонӣ, Ассамблеяи порлумонии НАТО ва 28 кишвари ҳампаймон иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG