Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон ба Тоҷикистон cафири нав фиристод


Нахуствазири Ҷопон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Нахуствазири Ҷопон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 8 июл хабар дод, ки “9 июли соли 2016 – ташрифи сафири навтаъини Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаҷимэ Китаока ҷиҳати иштирок дар маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад”.

Масъулони сафорати Ҷопон дар Душанбе низ ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҷаноби Хаҷимэ Китаока ба унвони сафири фавқуллода ва комилҳуқуқи Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби император таъин шуданд ва вай фаъолияташро пас аз супоридани эътимоднома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон расман дар ин кишвар оғоз мекунад”.

Масъулони сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардаанд, ки бо шурӯи фаъолияти ҷаноби Хаҷимэ Китаока, ба унвони сафири нави Ҷопон дар Душанбе, сатҳу сифати равобиту ҳамкориҳои дуҷониба густаришу тақвияти ҷашмгире пайдо кард. Хаҷимэ Китаока, фаъолияти сафирии худро дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз мекунад, ки муддати чандин соли ахир Такаши Камада, масъулияти раҳбари дипломатии Ҷопон дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Ҳамакнун ба иттилои масъулони сафорати Ҷопон дар Душанбе ҷаноби Камада дар чанд моҳи оянда ба ҳайси муовини сафир фаъолияташро дар сафорат идома хоҳад дод. Такаши Камада аз дипломатҳои ботаҷриба ва собиқадор аст, ки фаъолияташро дар кишварҳои шарқӣ ва ғарбӣ густариш дода ва бо талоши ӯ дар соли 2002 дар Душанбе сафорати Ҷопон кушода шуд. Ҷаноби Камада дар Тоҷикистон фаъолияташро аз кордори сафорат шурӯъ карда ва баъдан ба сатҳи сафири фавқуллода ва мухтор расидааст.

Маҳз дар даврони сафирии Такаши Камада сафари расмии Шинзо Абэ, сарвазири Ҷопон ба Тоҷикистон дар соли гузашта анҷом шуд. Ин сафари расмӣ моҳи октябри соли 2015 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт ва сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ дар ҷараёни чунин як сафар бо кишварҳои ин минтақа ба маблағи тақрибан 26 миллиард доллар қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Дар чанд соли ахир кӯмакҳои Ҷопон ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон афзоиш пайдо мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки моҳи марти соли ҷорӣ давлати Ҷопон барои бахшҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба миқдори 535 ҳазору 331 доллар кӯмаки билоиваз ҷудо кард.

Зимнан, аз соли 1996 то ба ҳол давлати Ҷопон дар Тоҷикистон 352 тарҳи иҷтимоиро ба маблағи умумии 28,5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG