Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Тоҷикистон барқ хариданист


Ширкатҳои давлатии бахши энержӣ дар Қирғизистон муваззаф шудаанд, ки ба зудтарин фурсат масъалаи харидани нерӯи барқ аз Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Дар ин бора ноиб-сарвазири Қирғизистон Олег Панкратов дастури расмӣ додааст.

Маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ки Панкратов дар ҷаласаи омодагӣ ба зимистонгузаронии 2016-2017 гуфтааст, ба қадри кофӣ захира кардани об дар обанбори Токтогул шарти мусбат барои паси сар кардани зимистон хоҳад буд. “Вай ба роҳбарони ширкатҳои ҳолдинги миллии энергетикӣ, Шабакаи миллии энергетикии Қирғизистон ва Пойгоҳҳои барқӣ дастур дод, ки масъалаи харидани барқ аз Тоҷикистонро дар тобистони соли ҷорӣ биомӯзанд,” афзудааст манбаъ.

Ин барои захираи об дар обанбори Токтогул зарур аст. Дар иваз ҳукумати Қирғизистон пешниҳод дорад, ки дар фаслҳои дигари сол ба Тоҷикистон барқ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG