Пайвандҳои дастрасӣ

Дурбинҳои назоратии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Тошканд сабти қоидавайронкуниҳоро ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пойтахти Узбакистон оғоз карданд. Дар ин бора Зоир Саидалиев, сардори Раёсати корҳои дохилии Тошканд, дар суҳбат бо нашрияи "Норма" хабар дода ва гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар 120 чорроҳаи пойтахти Узбакистон дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд.

"Дурбинҳо алакай фаъоланд ва сабти қоидавайронкуниҳоро оғоз кардаанд. Ронандагони воситаҳои нақлиёт баъди қабули қонуне, ки истифодаи ин низомро ба танзим медарорад, аз ҳаҷми ҷаримаву шумори қоидавайронкуниҳои худ огоҳ карда мешаванд," - афзудааст ӯ.

Зоир Саидалиев гуфтааст, маълумот дар бораи қоидавайронкуниро системаи назорати видеоӣ ба маркази иттилоот пешниҳод карда, марказ онро дар муҳлати се рӯз ба суроғаи ҷои зисти ронанда хоҳад фиристод. "Ронанда низ вазифадор аст, ки дар 60 рӯзи тақвимӣ ҷаримаро бисупорад. Дар сурати таъхир, мошини ӯ ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода хоҳад шуд," - хулоса кардааст ӯ.

XS
SM
MD
LG