Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Зоҳидӣ бо кордори Туркия дар Тоҷикистон


Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо Озҷан Гултекин – кордори сафорати Туркия дар Душанбе – мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ин мулоқот рӯзи 7 июл сурат гирифта, ҷонибҳо “масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ”-робаррасӣ кардаанд. Ба қавли манбаъ, инчунин, вазъу дурнамои равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, ҷаҳонгардӣ ва илму маориф баррасӣ шудааст. Аммо дар иттилоияи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ гуфта нашудааст, ки оё ҷонибҳо дар бораи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаҳои фурудгоҳи байналмилалии Отатурк дар Истамбул изҳори назар кардаанд, ё не. Қаблан Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳамлаҳо чанд шаҳвранди хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG