Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Ашраф Ғанӣ аз тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ


Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз тасмими Вошингтон барои тамдиди маъмурияти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон истиқбол кард. Дар изҳороте, ки рӯзи 7 июл нашр шуд, Ашраф Ғанӣ Амрикоро ҳампаймони нерӯманд ва боэътимод, ба вижа, дар ҷанг алайҳи терроризм номидааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи чаҳоршанбе эълом дошт, ки баъд аз хатми мӯҳлати раёсатҷумҳурияш низ тайи як соли дигар 8400 афсару сарбози амрикоӣ дар Афғонистон хоҳанд монд. Қаблан Вошингтон мехост, ки то поёни соли 2016 теъдоди низомиёнашро аз 9800 нафар то 5500 нафар коҳиш диҳад. Аммо Обама гуфт, ки вазъи амниятии Афғонистон ҳамоно машкук боқӣ мемонад ва ҷунбиши “Толибон” чун пештара ба ин кишвар таҳдид мекунад. Нерӯҳои амниятии Афғонистон бошанд то ба ҳадди зарурӣ нерӯманд нашудаанд, афзуд раисиҷумҳури Амрико.

Барак Обама мегӯяд, нақши низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон бетағйир боқӣ мемонад – онҳо ба таълиму тамрини полису артиши Афғонистон машғул хоҳанд шуд ва дар амалиёти зиддитеррористӣ алайҳи толибон ва дигар гурӯҳҳо аз нерӯҳои афғон пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи сарвари ИМА, ягона роҳи ҳалли низоъ дар Афғонистон – созиши сиёсӣ миёни ҳукумати Кобул ва ҷунбиши “Толибон” аст.

XS
SM
MD
LG