Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ барои баррасии авзоъ дар Донбасс ба Киев рафт


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 7 июл ба хотири баррасии масоили марбут ба хатми ҷанг дар шарқи Украина вориди Киев шуд.

Константин Елисеев, муовини раиси дафтари раёсатҷумҳурии Украина, ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, дар музокироти Ҷон Керрӣ бо раҳбарони Украина масоили марбут ба амнияти байнулмилаливу минтақаӣ ва, албатта, ҳамкории Украина бо НАТО баррасӣ мешавад. Мавзӯи раванди сулҳ миёни Киев ва ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс дар меҳвар қарор хоҳад дошт, афзуд ӯ.

Сафари Ҷон Керрӣ ба Киев қабл аз ҳузураш дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Варшава сурат гирифт. Қарор аст, ки дар нишасти Варшава раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ҳам ширкат кунад ва хостори кӯмаку пуштибонии ин паймони низомӣ шавад.

Констатин Елиссев мегӯяд, Украина ба дарёфти кӯмаки иловагӣ аз сӯи ИМА ва дигар ҳампаймонҳояшон ба хотири бо техникаву таҷҳизот ва аслиҳаи замонавӣ муҷаҳҳаз кардани артиш умедвор аст.

Як рӯз пеш Ҷон Керрӣ ба Гурҷистон сафар кард ва ӯҳдадории Вошингтон барои пуштибонӣ аз Тифлис дар ихтилофи назараш бо ду минтақаи ҷудоихоҳ – Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро тайид намуд. Ин минтақаҳои ҷудоихоҳ аз пуштибонии Русия бархӯрдоранд.

Дар ҷараёни нахустин сафари Ҷон Керрӣ ба ин кишвари қафқозӣ дар симати вазири умури хориҷии ИМА, Вошингтон ва Тифлис созиши нави ҳамкорӣ дар бахши низомиро имзо карданд.

XS
SM
MD
LG