Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Обама вазъи Сурияро баррасӣ карданд


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Барак Обама дар сӯҳбати телефонӣ авзоъ дар Сурияро баррасӣ карданд. Дар ин бора мақомоти расмӣ дар Маскав ва Вошингтон хабар доданд.

Ба иттилои Кремл, дар ин сӯҳбат, ки шоми 6 июл бо ибтикори Путин баргузор шуд, сарвари Русия аз Барак Обама хост то дар ҷудо кардани ошӯбгарони мухолифи ҳукумати Димишқ аз тундравони гурӯҳҳое чун бахши “Ал-Қоида” дар Сурия ва Ҷабҳаи ан-Нусра кӯмак кунад.

Путин ва Обама ба он нукта таъкид карданд, ки музокироти сулҳ миёни ҳукумати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид бояд аз сар гирифта шавад.

Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама дар сӯҳбат бо Путин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки режими Сурия тавони риояи оташбаси моҳи феврал эълоншударо надорад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки Русия метавонад Димишқро барои ба мӯҳлати тулонӣ қатъ кардани амалиёти низомӣ мӯътақоид месозад.

Гуфтугӯи телефонии Обама ва Путин баъд аз он баргузор шуд, ки артиши Сурия якҷониба барои 72 соат оташбас эълон кард. Қарор аст, ки оташбас то нимашаби 8 июл идома кунад. Аксар гурӯҳҳои ошубгар гуфтанд, ки ба оташбас дар рӯзҳои таҷлили Иди Фитр арҷ мегузоранд.

Вошингтон ва Маскав муддати тулонист, ки дар мавриди низоъ дар Сурия ихтилофи назар доранд. Русия аз режими раисиҷумҳур Башор Асад пуштибонӣ мекунад, ки бо нерӯҳои мухолифи аз сӯи ИМА мусаллаҳшудаву тамриндида меҷангад.

Барак Обама ва Владимир Путин ҳамчунин низоъ дар Украина ва баҳси Арманистону Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳиро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG