Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба маросими Иди Фитр дар Бангладеш


Бар асари ҳамлаи ситезаҷӯёни исломгаро ва бомбгузориву тирандозӣ бо полис, ки маросими иди Фитрро дар як шаҳри воқеъ дар шимоли Бангладеш муҳофизат мекарданд, дасти кам як корманди полис кушта ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳамла дар минтақаи Кишореганҷ рӯзи 7 июл дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳазорон нафар барои таҷлили Иди Фитр дар поёни моҳи шарифи Рамазон ҷамъ омада буданд.

Бв гуфтаи мақомоти полиси маҳаллӣ, дар ин ҳамла чанд нафар ширкат доштанд, ки баъзеҳояшон дар даст мачете (шамшер) доштанд.

Тофазал Ҳусейн, муовини раиси полис ба хабаргузории AFP гуфт, ки ҳамлагарон аввал сӯи гурӯҳи хурди кормандони полис норинҷак андохтанд ва баъдан бо шамшерҳо ба онҳо ҳамла карданд. Полис дар ҷавоб сӯи онҳо оташ кушод, гуфт ӯ ва афзуд, дасти кам яке аз ҳамлагарон кушта шуд ва як нафари дигарашон ба даст уфтод.

Ҳодиса тақрибан як ҳафта пас аз як ҳамла ба қаҳвахона дар пойтахт шаҳри Дакка рӯй дод, ки дар он 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Масъулияти он ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифта буд.

XS
SM
MD
LG