Пайвандҳои дастрасӣ

"Чашмаи Носир" - қадамҷои ҳаким Носири Хусрав дар Бадахшон (ВИДЕО)


Маҷмааи Чашмаи Носир дар Бадахшон аз мавзеъҳои таърихест, ки то кунун таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Пайдоиши ин чашма, ки дар мавзеи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ рабт дода мешавад. Ба бовари мардуми ҳамин мавзеъ, гӯиё дар қарни 10-и милодӣ Носири Хусрав бо дидани лабташнагон бо асояш ба замин мекӯбад ва ин чашма берун меояд. Ҳоло ин чашмаро ҳамчун қадамгоҳи "пир Шоҳносир" низ ном мебаранд.

Фарҳангшиносони маҳаллӣ мегӯянд, ҳарчанд феълан аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани воқеияти пайдоиши ин чашма тавассути Носири Хусрав душвор аст, вале ба ҳар ҳол он ҳамчун рамзи муҳаббат ва ихлосмандии мардуми ин минтақа ба таълимоти фалсафиву мазҳабии ин ҳакими бузург побарҷо мондааст.

Оби ин чашма, ки ҳамеша равон аст, дар тобистон сард ва аммо дар мавсими сармо, гарм мешавад. Дар гирдогирди чашма махсус косаҳое гузошта шудааст, ки мусофирони раҳгузар аз онҳо барои нӯшидани об истифода мекунанд.

Ҳамчунин дар атрофи чашма чинорҳои баланд қомат афрохтаанд, ки ба бовари мардуми ин мавзеъ онҳоро низ Носири Хусрав шинондааст. Дар сангҳои шафати ин чашма бошад навиштаҳои ин шоири бузург ҳаккокӣ шудаанд. Ин чашмаро ҳамчунин муҷассамаи Носири Хусрав зеб медиҳад, ки дар чаҳорчуби таҷлили ҳазорсолагии ин ҳаким аз сӯи пайкарсози маъруф Норайн Аратюниён дар соли 2004-ум сохта шудааст.

Навори видео дар инҷост:

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG