Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тони Блейр: "Масъулияти комили хатоҳои ҳамла ба Ироқро мепазирам"


Нахуствазири пешини Бритониё Тони Блейр рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки масъулияти иштибоҳҳои худро барои иштирок дар ҷанги Ироқ мепазирад.

Блейр рӯзи 6 июл изҳор дошт, ки "мардуми мо чӣ ба тасмими ман барои ҳамлаи низомӣ алайҳи Саддом Ҳусайн мувофиқ бошанд ва чӣ набошанд, дар ин кор нияти нек доштам ва ба ин бовар будам, ки ин кор ба манфиати миллии кишварам хоҳад буд ва бинобар ҳамин, чунин тасмим гирифтам."

Комиссияи таҳқиқотии Бритониё дар бораи ҷанги Ироқ бо раҳбарии Ҷон Чилкот рӯзи 5 июл натиҷаи ҳафтсолаи таҳқиқоти худро дар бораи ширкати Бритониё дар ҷанги Ироқ мунташир кард. Ин гузориш мегӯяд, ки Бритониё бо ворид шудан ба ин ҷанг, муртакиби иштибоҳи зиёд шудааст .

Ин гузориш мегӯяд, ки Бритониё пеш аз он, ки роҳҳои сулҳомез барои халъи силоҳи Саддом Ҳусейнро пешниҳод кунад, тасмим гирифт, ки ба ҷанги Ироқ бипайвандад ва Тони Блейр ҳам барқасдона таҳдиди Саддом Ҳусейнро калонтар аз он чи, ки буд, нишон дод.

Гузориш бо ишора ба иддаоҳои он замони Бритониё, ки гӯё Ироқ силоҳи куштори дастҷамъӣ дар ихтиёр дорад, мегӯяд, ки дастгоҳҳои истихборотии Бритониён дар ин бора маълумоти ғалат доданд ва асосан ҳеҷ зарурате ба ҳамлаи фаврӣ ба Ироқ вуҷуд надошт.

Тони Блейр ҳам интиқодот дар ин гузоришро пазируфта ва таъкид кардааст, ки ӯ "масъулияти комили ҳар иштибоҳе"-ро дар ин бора бе ҳеҷ узр ва баҳона мепазирад. Вай пеш аз ин низ гуфта буд, ки ба ин бовар расидааст, ки Саддом Ҳусейн он вақт барномае барои сохтани силоҳи кимиёвӣ надоштааст ва бинобар иштибоҳоти худ, узр мехоҳад.

Дар моҳи марти соли 2003 эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико ва Бритониё ба Ироқ ҳамла карданд ва режими Саддом Ҳусейнро сарнагун намуданд. Баҳонаи аслии ин ҳамлаи низомӣ ин буд, ки гӯё Саддом Ҳусейн аслиҳаи куштори дастҷамъӣ дар ихтиёр дорад. Пас аз суқути Саддом Ҳусейн маълум шуд, ки Ироқ чунин аслиҳаро дар ихтиёр надоштааст.

Ироқ аз он вақт бо ба ҳол рӯи оромиро надидааст ва дар ин муддат ҳазорон нафар бар асари бамгузориҳои ва даргириҳои мазҳабӣ кушта шуданд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта бар асари бамбгузорӣ дар шаҳри Бағдод беш аз 250 нафар кушта шуда ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG