Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Билети футбол аз 1000 доллар ҳам қиматтар мешавад (ВИДЕО)


ФИФА, Федератсиюни байналмилалии футбол, эълон кард, ки барои шаҳрвандони Русия билети Ҷоми Конфедератсия дар соли 2017 ва Ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2018 бо поинтарин нарх фурӯхта хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомдорони ФИФА, барои шаҳрвандони Русия билетҳои “категория” ё табақаи чорум ба 1280 рубл ё 20 доллари амрикоӣ фурӯхта мешавад.

Тиери Вейл, раиси тиҷоратии ФИФА, мегӯяд, барои аввалин бор нархи билети бозии финалӣ аз 1000 доллари амрикоӣ бештар хоҳад буд. “Шумо мебинед, ки 105 доллар нархи поинтарин билет барои фурӯш дар бозори байналмилалӣ буда, баландтарин қимат 1100 доллар аст, ки ба истилоҳ билети категорияи аввал ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳони футбол дар соли 2018 дар шаҳри Маскав хоҳад буд,” – гуфт ӯ.

Фурӯши билетҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2 июли 2017, баъди анҷоми қуваозмоиҳои Ҷоми Конфедератсия оғоз меёбад.

Солҳои охир шумораи довталабони тамошои мусобиқаҳои байналмилалии футбол хеле бештар аз шумораи билет аст ва одатан фурӯши билетҳо тавассути қуръакашӣ доир мешавад.

XS
SM
MD
LG