Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони рус барои шабнишинӣ дар Монако ҷарима шуданд


Ду узви тими мунтахаби футболи Русия барои шабнишии пурхарҷ ҷарима шуданд. Ин ду бозигар баъди бохти тимашон дар мусобиқаи футболи Аврупо шабнишии пурхарҷ ташкил кардаанд.

Дар навори видеоие, ки дар интернет нашр шуд, ҳамлагар Александр Кокорин ва нимҳимоятгар Павел Мамаев дар клуби шабонаи Монако сабт шудаанд.

Ҳаводорони рус дар шарҳи видео навиштаанд, ки чунин шабнишинӣ баъди бохти тими миллӣ ғайри қобили қабул аст. Кокорин дар дастаи "Зенит"-и Санкт-Петербург бозӣ мекунад ва Мамаев дар дастаи "Краснодар".

Кокорин дар мусоҳиба бо ТАСС гуфтааст, ки дар он шабнишинӣ шампон фармоиш надодааст. Ба гуфтаи вай, бо Мамаев дар клуби шабонаи Монако таъоми шом хӯрда ва зодрӯзи касеро таҷлил кардаанд. "Харҷи ҳангуфти он шабнишинӣ ба мо ҳеч рабте надорад", - меафзояд Кокорин. "Ба он пуле, ки расонаҳо навиштанд, на танҳо мумкин аст, ки шампон харид, балки метавон он клубро соҳиб шуд", - афзудааст вай. Ба иттилои Life.ru, харҷи он шабнишинӣ 250 ҳазор евро будааст.

XS
SM
MD
LG