Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 5 ҳазор нафарро ба рухсатии маҷбурӣ фиристодаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рухсатии маҷбурии бемузд аксар сокинони аз кор барканоршудаи тоҷикро дар дуроҳа қарор додааст. Ин табақаи сокинон ба умеде, ки рӯзе корфармо онҳоро дубора ба кор даъват хоҳад кард, аз талаби қонунии ҷубронпулӣ худдорӣ мекунанд.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ бар асоси як пажӯҳиши Оҷонсии омори Тоҷикистон 5 ҳазору 400 сокини Тоҷикистон аз ҷойи корашон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд. Таҳмина Шодиева, ҷавонзани 32-солаи тоҷик, ки то 7 моҳи пеш дар яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон кор мекард, аз ҷониби маъмурият бидуни пардохти ҷубронпулӣ ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудааст.

Ин ҷавонзан мегӯяд, раҳбарият барояшон ваъда дод, ки баъд аз хуб шудани вази бонк онҳоро дубора ба кор мегирад, аз ин рӯ, ӯ ва чанде аз ҳамкоронаш ҳеҷ талоше барои гирифтани ҷубронпулӣ барои замони бекориашон накарданд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Кодекси меҳнати Тоҷикистон дар сурати ба рухсатии маҷбурӣ фиристодан корфармо муваззаф аст, то замони кори дигар пайдо кардан ва ё дубора ба кор гирифтани корманд ба ӯ барои чанд моҳ пурра ва ё қисман маошашро пардохт кунад.

Абдувалӣ Шафиеви 41-сола, ки то чанд моҳи пеш дар як бахши Оҷонсии "Тоҷикстандарт" кор мекард, ба рухсатии маҷбурии бемузд фиристода шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло бовар надорад, ки ӯро дубора дар ҷои кораш бигиранд.

Абдувалӣ мегӯяд, ҳоло корхонаҳои давлатӣ бар асари таъсири бӯҳрони молӣ кормандони худро маҳз бо чунин баҳона аз кор ҷавоб медиҳанд, вале амалан ӯро то чанд муддат барои дубора ба кор гирифтан умедвор нигаҳ медоранд.

Бар асоси як пажӯҳиши тозаи Оҷонсии омори Тоҷикистон на ҳамаи онҳое, ки ба рухсатии маҷбурӣ фиристода мешаванд, маошашонро барои чанд моҳ ҳифз мекунанд. Тибқи иттилои ин Оҷонсӣ аз 5,4 ҳазор нафаре, ки давоми се моҳ кори доимиашонро бо баҳонаи "рухсатии маҷбурии бемузд" аз даст додаанд, 2,5 ҳазор нафарашон ҳеҷ ҳаққе нагирифтаанд.

Лутфулло Салихов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, аксари корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ ҳангоми аз кор озод кардан ва ё ба рухсатии маҷбурии бемузд фиристодан аз шартонамҳои дохилӣ кор мегиранд, ки аксаран ин шартномаҳо ба манфиати кормандон нест. Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бар асоси моддаи 99, нишони 1-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон ба корманд бояд барои чанд моҳ то дубора ба кор пазируфтан ва ё кори дигар пайдо кардан пурра ва ё қисман маошаш пардохт шавад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар ин Кодекс ишора шудааст, ки агар дар шартнома чизи дигар зикр шуда бошад, шартнома мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

"Ҳоло аксари корхонаҳои мо бар асари муфлис шудан кормандонро аз кор озод мекунанд, ки дигар иқтидори пардохтпазирӣ надоранд. Ин кормандон фақат ба шуғли аҳолӣ метавонанд муроҷиат кунанд, ки онҳоро то 400 сомонӣ ба муддати се моҳ ҷубронпулӣ медиҳад," - гуфт, ӯ.

Пас аз бӯҳрони молиявӣ аксари муҳоҷирони тоҷик, ки сармоягузори аслии хонаводаҳояшон буданд, кори худро дар Русия аз даст доданд. То ду соли пеш муҳоҷирони тоҷик солона ба Тоҷикистон беш аз 4 милиард доллар ба Тоҷикистон мефиристонданд, ки ин маблағ нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП)-и кишварро ташкил мекард. Муҳоҷирони корӣ корашонро аз даст доданд ва ин вазъ ба бозори кори дохилӣ низ таъсир расонд. Соли гузашта аксари корхонаҳои давлатии Тоҷикистон низ даст ба ихтисори кормандони худ заданд.

Фирдавс Пӯлодӣ, иқтисоддони ҷавони тоҷик, мегӯяд, агар як дар сади сокинони Тоҷикистон корашонро аз даст бидиҳанд, ин баробари аз даст додани як дар сади дороии давлат ё худ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳаст. Ӯ гуфт: “Дороии давлат аз сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ вобаста ҳаст. Кам шудани сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳама ҷиҳат бар зиён аст. Қобилияти харидории мардумро поён мебарад. Аз ин рӯ, бо маоши кам ҳам бошад, бо кор таъмин кардани сокинон то андозае ҷилави поён рафтани сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро мегирад.”

Ҳоло дар Тоҷикистон сафи бекорон дар ҳоли афзоиш ҳаст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар расман дар Тоҷикистон наздик ба 55 ҳазор ҳамчун бекор сабти ном шудаанд. Ин дар ҳолест, ки аксари сокинон аз сабти номи худ ҳамчун бекор дар Шӯъбаҳои шуғли аҳолӣ худдорӣ мекунанд ва шумори воқеии бекорон дар ҷумҳурӣ метавонад ба маротиб аз омори расмӣ бештар бошад.

XS
SM
MD
LG