Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои мусаллаҳи Туркия мегӯянд, ки дар суқути чархболи борбари нируҳои ин кишвар 7 нафар кушта, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса рӯзи 5 июл рух додааст ва чархбол аъзои хонаводаи низомиёнро интиқол медодааст.

Назуствазири Туркия имкони ҳамла ба ин чархболро истисно донистааст ва гуфтааст, ки ҳавои бад сабаби суқути ин чархбол шудааст.

Чархболи Сикорский аз пойгоҳи низомие дар соҳили Баҳри Сиёҳ бармегашт. Занону кӯдакони низомиён барои баргузории Иди Фитр ба назди онҳо рафта буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG