Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намози Иди Фитр зери чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд. 2 ВИДЕО


Наздикии масҷиди марказии Душанбе. 6 июли 2016

Наздикии масҷиди марказии Душанбе. 6 июли 2016

Субҳи 6 июл садҳо ҳазор пайрави дини мубини Ислом дар масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози Иди Фитр ё Рамазонро гузоштанд. Ин бор намози ид ба фарқ аз солҳои гузашта барвақттар - соати 6:30-и субҳ зери чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд.

Се рӯз пеш аз намози ид дар кулли масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ буд ва субҳи имрӯз ҳамаи намозгузорон дар масҷиди марказии пойтахт ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб аз зери таҷҳизоти ҷустуҷӯи ашёи оҳанӣ (металоискател) мегузаштанд. Шумори намозгузорон низ ба фарқ аз солҳои гузашта камтар ба назар мерасиданд.

Маъмулан раиси шаҳри Душанбе ё яке аз муовинонаш ва ё раҳбарияти Кумитаи дин ба табрики намозгузорон меомаданд. Аммо имсол ҳеҷ як аз намояндагони ҳукумат қабл аз намоз барои табрики намозгузорон ҳозир нашуданд.

Навори видео инҷост:

Намози имсолаи Иди Фитр танҳо бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон – баргузор гашт. Абдулқодирзода дар суханронии худ бештар болои кумаки афроди доро ба дармондагону эҳтиёҷмандон суҳбат карда ва аз ҷумла гуфт, ки "дини Ислом фақат аз имон иборат нест. Дини Ислом дар баробари имон амалҳои солеҳ низ дорад."

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар суҳбати пеш аз намози ид ва дар дуояш аз суботи Тоҷиктсон низ суҳбат карда ва аз онҳое тавсиф намуд, ки, ба гуфтаи ӯ, шабурӯз амнияти сокинон ва, ҳамин тавр, намозгузоронро таъмин мекунанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Дар ҳамин ҳол, Ҷалолиддини Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 6 июл ба Озодӣ гуфт, кормандони ин вазорат ба хотири дар фазои ором баргузор шудани намози Иди Рамазон дар масҷидҳои кишвар навбатдор буданд. "Барои нигаҳдории тартибот дар масҷидҳои тамоми кишвар кормандони вазорат сафарабар шуданд. Тартиботи ҷамъиятӣ дар ягон нуктаи Тоҷикистон дар ин рӯз вайрон нашуд ва кормандони Вазорати корҳои дохилӣ вазифаи худро хеле хуб иҷро карданд," – гуфт ӯ.

Солҳои қабл кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо ҳангоми баргузории намозҳо дар назди масҷидҳо ҳузур пайдо мекарданд, аммо имсол ба гуфтаи Ҷалолиддини Садриддинов тадбирҳои амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бетартибиҳо сахттар буд.

Иди Рамазон, яке аз ду иди мусалмонист, ки дар тақвими Тоҷикистон бо хатти сурх ишора шуда, истироҳати расмист. Дар ин рӯз сокинон ба хонаи якдигар рафта ва ба дармондаҳо дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аммо шодии ин ид пеш аз ҳама насиби кӯдакон аст, ки ба қавле, ҳанӯз чашми рӯз накафида ба пушти дари ҳамсояҳо ва хешовандони наздики худ рафта, ҳадя мегиранд.

Аксҳои бештар:

Пеш аз Иди Фитр тамоми мансабдорони Тоҷикистон тавассути Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент, муваззаф шуда буданд, ки садақаи фитрашонро ба эҳтиёмандону ятимон супурда, дар ин бора гузориши расмӣ пешниҳод кунанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо амри расмӣ хоста буд, ки садақаи фитр ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯҳониёну афроди сарватманд дода нашавад.

Ӯ ҳамчунин аз раҳбарияти Шӯрои уламо ва Кумитаи дин хост, дар рӯзи Иди Рамазон ба хонаи афроди доро нарафта, беҳтараш аз ҳоли сокинони дастнигар хабар гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG