Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 соли зиндон барои ваъдаи дохил кардан ба донишгоҳ


Додгоҳе дар ҷануби Тоҷикистон як омӯзгор ва ҳамзамон корманди идораи маорифро ба 5 соли зиндон маҳкум карда, як корманди ҳукумати ноҳияи Носири Хусравро ба пардохти 12 ҳазор сомонӣ муваззаф намудааст.

Чорӣ Дурманов, омӯзгори мактаб ва ҳамзамон корманди идораи маориф ва Сурайё Алиева, корманди ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав, ки ҳамзамон раиси созмони ноҳиявии ҳизби халқӣ - демократӣ аст, соли гузашта барои ваъдаи дохил кардани як хонандаи мактаб ба донишгоҳ ва гирифтани “пора” аз ӯ боздошт шуда буданд.

Дилшод Саидов, қозии додгоҳи ноҳияи Носири Хусрав, рӯзи 5 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, алайҳи ин ду нафар тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ”, “тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр” аз ҷониби додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дилшод Саидов гуфт, “вобаста ба категорияи ҷинояти содиркараашон ҷазо гирифтаанд. Масалан, Дурманов, ки дар идораи маориф кор мекард, ҷазои маҳрумият аз озодиро ба муҳлати 5 сол гирифт.”

Тибқи тасмими додгоҳ, Чорӣ Дурманов пас аз адои мӯҳлати ҷазо ҳаққи кор дар ниҳоди давлатиро надорад. Аммо як масъули ҳукумати ин ноҳия бидуни зикри номаш гуфт, Сурайё Алиева, ки ҳамзамон раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳия будааст, ҳанӯз дар ин вазифааш кор мекунад ва то кунун қарори айбномаи ӯ ба ҳукумат нарасидаааст.

Худи Сурайё Алиева дар сӯҳбат худро на ҷинояткор, балки ҷабрдида эълон кард ва гуфт, ки албатта ҷаримаи таъиннамудаи додгоҳро пардохт мекунад. “Ман 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шудам. Худам ҷабрдида мебошам, гуноҳ надорам. Он нафар дар идораи маориф кор мекунад,” – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии зидди фасоди вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар ин вилоят дар марказҳои миллии тестӣ барномаҳои пешгирӣ аз ришваситониро мавриди амал қарор додааст.

Саидулло Лутфуллоев, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо бо намояндагони Оҷонсии зидди фасод дар ин замина ҳамкории хуб доранд: “Дар раёсат нақшаю чорабинӣ дорем ва мудиронро вобаста кардем, ки ҳолатҳои коррупсионӣ ба миён наоянд. Ҳозир касе дониш дорад, марҳамат, ришваситонӣ нест.”

Зимнан, муҷозоти ин ду нафар ба ҷурми ришваситонӣ дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон дар ҳолест, ки қаблан эълон шуда буд, давоми як соли охир 10 мавриди ришваситонӣ дар соҳаи маорифи вилоят сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG