Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷористон тақдири муҳоҷиронро ба раъйпурсӣ мегузорад


Виктор Орбан

Виктор Орбан

Сарвазири Маҷористон ё Венгрия Виктор Орбан гуфт, кишвараш рӯзи 2 октябр масъалаи ӯҳдадории кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои ҳатман ҷобаҷо кардани теъдоде аз муҳоҷиронро ба раъйпурсии саросарӣ мекашонад. Ин иқдом зоҳиран боиси афзоиши ихтилоф байни кишварҳои узви ин созмон дар мавриди роҳҳои расидагӣ ба бузургтарин бӯҳрони муҳоҷирон аст, ки Аврупо аз замони ҷанги дуюми ҷаҳон ба ин сӯ рӯбарӯ шудааст.

Орбан аз ҷумлаи он сарони Аврупост, ки аз нақшаи ба пазируфтани теъдоде аз муҳоҷирон маҷбур кардани кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шадидан мухолифат нишон медод. Садҳо ҳазор паноҳҷӯ аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна, Африқои шимолӣ ва Осиёи ҷанубӣ ба Аврупо рехтаанд. Райъпурсии Маҷористон шикофи наве дар байни аъзои Иттиҳодияи Аврупо дар пайи райъпурсии Бритониёст, ки рӯзи 23 июн беш аз нисфи аҳолиаш ба тарафдорӣ аз хуруҷ аз ин созмон овоз дод.

XS
SM
MD
LG