Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос Киёрустамӣ дар синни 76 аз олам рафт


Аббос Киёрустамӣ
Аббос Киёрустамӣ

Коргардони маъруфи синамои Эрон Аббос Киёрустамӣ, ки филми “Таъми гелос”-аш дар соли 1997 шоҳҷоизаи ҷашнвораи Каннро ба даст оварда буд, дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Хабаргузории ИСНО навишт, ки Киёрустамӣ дар Порис вафот кардааст. Ӯ дар пойтахти Фаронса аз саратон табобат мегирифт. Матбуот менависад, ки табибон дар ибтидои соли равон дар бадани Аббос Киёрустамӣ саратони меъдаро ташхис карданд ва ӯ чанд дафъа ҷарроҳӣ ҳам шуд. Киёрустамӣ баъди инқилоби исломии соли 1979 ҳам дар Эрон монд, вале ду филми охиринашро дар Аврупо рӯи навор оварда буд. Киёрустамӣ, ки беш аз 40 филм бардоштааст, ягона барандаи “Нахли тилоӣ” – ҷоизаи асосии ҷашнвораи Канн аз Эрон буд. Маҷаллаи амрикоии “The Film Stage” дар Твиттер навишт, ки “ҷаҳон шояд бузургтарин филмбардорашро аз даст дод.”

XS
SM
MD
LG