Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 5 июл гуфт, дар чорчӯби таҳқиқи қазияи ҳамла ба фурудгоҳи Истамбул ҳудуди 30 нафар, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир шудаанд. Ҳафтаи гузашта низ матбуоти Туркия навишта буд, ки яке аз ҳамлагарон зоҳиран аз Тоҷикистон аст, вале мақомоти Туркия расман инро тасдиқ накардаанд. Бар асари ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 28 июн дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Туркия масъулияти он ҳамларо ба дӯши созмони тундрави “Давлати исломӣ” бор мекунанд. Раҷаб Эрдуғон низ гуфт, ки ҳамла ба фурудгоҳи Истамбул кори дасти “Давлати исломӣ”-ст.

XS
SM
MD
LG