Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркишҳо дар Бағдод аз 200 нафар гузашт


Теъдоди қурбониёни таркишҳои шаби 3 июл дар Бағдод аз марзи 200 нафар убур кард. Беш аз 200 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии "Аль-Арабия" рӯзи 4 июл хабар дод. Ба иттилои ин шабака, дар минтақаи Қарадо дар маркази Бағдод як мошини боркаши ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуд.

Як таркиши дигар қарибиҳои нимашаб дар наздикиҳои бозори маҳалли шианишин Ал-Шаҳоб рӯй дод. Ҳарду таркиш дар минтақаҳои сераҳолӣ, дар ҷойҳое рӯй доданд, ки мардуми маҳаллӣ дар моҳи Рамазон баъд аз ғуруби офтоб ба тарабхонаҳо мераванд.

Би-би-си бо такя ба манобеи ҳукуматӣ мегӯяд, ки дар таркишҳо 165 нафар кушта ва 225 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои телевизиони “Ал-Ҷазира” миёни қурбониён занону кӯдакон хело зиёданд. Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ ҳамлаҳоро маҳкум намуд ва ба ёди қурбониён се рӯзи мотам эълон кард. Вақте ӯ ба ҷойи ҳодиса рафт, мардум корвони мошинҳои ӯро сангборон кард, хабар додааст шабакаи “Ал-Ҷазира”.

Масъулияти таркишҳоро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG