Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кувайт аз се ҳамлаи тарҳрезикардаи ДИИШ ҷилавгирӣ намуд


Таркиш дар масҷиди шиаҳо дар Кувайт. 26 июни соли 2015
Таркиш дар масҷиди шиаҳо дар Кувайт. 26 июни соли 2015

Мақомоти амниятии Кувайт аз се ҳамлаи тарҳрезикардаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба изҳороти вазорати умури дохилии Кувайт, ки рӯзи 4 июл нашр шуд, дар се амалиёти вижа нерӯҳои амниятӣ чандин нафар аз гумонбарони ширкат дар ин ҳамлаҳои тарҳрезишударо дастгир карданд.

Мансабдорон ба хабаргузории давлатии Кувайт гуфтаанд, ки ин афрод бояд, аз ҷумла, дар дохили масҷид ва дар бинои вазорати умури дохилӣ бомбгузорӣ мекарданд.

Рӯзи якшанбе ширкати миллии нафти Кувайт хабар дода буд, ки бо дастури вазорати умури дохила таъмини амният дар корхонаҳои истихроҷи нафтро таҳким бахшидааст.

Як сол пештар дар як масҷиди шиаҳо дар Кувайт таркиш рӯй дод, ки бар асари он 27 намозгузор кушта ва беш аз 220 нафари дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG