Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти гӯяндаи собиқи ТВ Тоҷикистон


Лӯъбат Бурҳонова, яке аз нахустин гӯяндаҳои телевизиони Тоҷикистон рӯзи шанбеи 2 июл дар синни 81 аз олам чашм пӯшидааст. Наздиконаш мегӯянд, вазъи сиҳҳати Лӯъбат Бурҳонова баъди марги писари ягонааш Дилшодбек Муродов хуб набуд. Дилшодбек Муродов, ки бо ҷурми истеъмоли маводи мухаддир ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд, моҳи августи соли 2009 дар маҳбаси №3/1 даргузашт. Лӯъбат Бурҳонова мӯътақид буд, ки писараш бар асари зарбу лат ҳалок шудааст ва моҳи март ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво буда, аз Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия барои марги фарзанди ягонааш 334 950 сомонӣ товон хоста буд. Аммо марги Лӯъбат Бурҳонова зоҳиран ин даъвои додгоҳиро нотамом хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG