Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси нӯҳ нафари гумонбар дар ҳамлаҳои Оқтеппа


Яке аз мағозаҳои фурӯши силоҳи Оқтеппа, ки мавриди ҳамла қарор гирифта буд
Яке аз мағозаҳои фурӯши силоҳи Оқтеппа, ки мавриди ҳамла қарор гирифта буд

Додгоҳи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон афроди гумонбар дар ҳамдастӣ бо афроди ба мағозаҳои фурӯши силоҳ ва қисми низомӣ дар маркази вилоят ҳамла кардаро барои ду моҳ равонаи боздоштгоҳ намуд. Аз дафтари матбуоти додгоҳи вилоят ба Интерфакс хабар доданд, гумонбарон - 9 нафари синнашон аз 16 то 29 солаанд. Айни ҳол муфаттишон то куҷо даст доштани онҳо дар ҳамлаҳоро таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи фурӯши силоҳ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппа ҳамла кард. Бар асари ин ҳамла ва амалиёти вижае, ки дар пайи он аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат гирифт, ба иттилои расмӣ, дасти кам 25 нафар, аз ҷумла 18 гумонбар дар ин ҳамлаҳо, ба ҳалокат расиданд.

Масъулияти ҳамлаҳои Оқтеппаро ягон гурӯҳи террористӣ бар дӯш нагирифтааст.

Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 20 июн гуфт, ҳамлаҳо ба як даъвати интернетии яке аз раҳбарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абӯ Муҳаммад ал-Аднонӣ рабт доранд, ки аз ҷонибдоронаш дар сартосари ҷаҳон хоста буд дар моҳи шарифи Рамазон аз ҳамлаҳои шадид кор бигиранд. Ба гуфтаи Ерлан Идрисов, афроди ҳамлаҳо дар Оқтеппаро роҳандозикарда гӯш ба ҳарфи ал-Аднонӣ дода буданд.

XS
SM
MD
LG