Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадов ва шариконаш ба роҳзанӣ ва куштор айбдор шуданд


Маҳмадалӣ Аҳмадов баъди боздошт дар Домодедово

Маҳмадалӣ Аҳмадов баъди боздошт дар Домодедово

Кумитаи тафтишоти Русия тафтиши парвандаи қатли муовини раҳбари ситоди раёсати корҳои дохилии вилояти Самара Андрей Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯро анҷом дода, барои шиносоӣ ба гумонбарон ва вакилони дифои онҳо супурдааст. Кумитаи тафтишот рӯзи 4 июл хабар дод, ки алайҳи шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов ва се зодаи Озарбойҷон Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Зохрабов расман бар асоси се банди Кодекси ҷиноии Русия – роҳзанӣ, куштори беш аз ду нафар ва қасди куштори кӯдак – айбдор мешаванд. Ҷасади полковник Гошт, падару модар ва се хешованди наздикаш ҳамроҳ бо ҷияни маҷрӯҳи ӯро субҳи 24 апрел аз манзили падараш дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, маълум шудааст, ки ҳадафи ҳамла ба манзили Гошт ғорати пулу мол будааст ва ҳамлагарон барои куштани 5 узви ин хонавода аз бита ва дастаи бел истифода бурдаанд. Зохрабов, Бобоев ва Фаталиев рӯзи 30 апрел дар Самара ва Маҳмадалӣ Аҳмадов рӯзи 4 май дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав баъди бозгашташ аз Душанбе дастгир шуд. Вазорат и корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки Аҳмадов ихтиёран ба ин вазорат ҳозир шуда, гуфтааст, ки дар қатли аъзои хонаводаи Гошт даст надорад ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба Русия бармегардад. Аммо ду ҳафта баъд аз боздошти Аҳмадов, вазири корҳои дохилаи Русия Владимир Колоколтсев ба ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода барои кумак дар таҳқиқи парвандаи қатли Андрей Гошт медал супурд.

XS
SM
MD
LG