Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​​Ҳамоиши хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе ва Варзоб


Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) сар аз соли 1995 таҷлил мегардад.

Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар (АЖРВТ) аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир карданд.

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, хабарнигоронро бо иди касбиашон муборакбод кард ва гуфт, “созмони мо, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, соли 2011 ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АIPS) пазируфташудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.”

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо барои кори пурмаҳсулашон дар ташвиқу тарғиби варзиш, ҳаракати олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим изҳори сипос намуд. Ӯ афзуд, “умедворем, ки ҳамкории мо минбаъд ҳам пурмаҳсул идома хоҳад кард.”

Баъдан ҷаноби Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод.

Ӯ зикр намуд, ки ҳоло варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. Варзишгари машҳур гурзпарто Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Инчунин Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳадкард.

​Роҳхати панҷумро ба Олимпиадаи Рио-2016 даванда Даврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, ба даст овард. Ӯ масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд ва меъёри литсензияи олимпиро иҷро кард.

Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

Дар ҷараёни мулоқот хабарнигорон ба суолҳои худ дар робита ба омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Хабарнигорон, инчунин дар ин рӯз дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар ноҳияи Варзоб барпо гардид, ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит сохтанд.

Дар доираи барномаи ҳамоиш мусобиқот байни хабарнигорон аз рӯи шиноварӣ, баскетбол ва футболи хурдбахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ барпо гардид.

Дар сабқати шиноварӣ байни мардон Умедҷон Аҳмадов, хабарнигори шабакаи телевизионии “Варзиш”, ғолиб омад. Ибодулло Тоҳиров, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ”, ҷойи дувум ва Аъзам Насриддинов, хабарнигори Телевизиони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҷойи севумро гирифтанд.

Дар сабқати занон оид ба шиноварӣ Бунафшаи Абдураҳим, хабарнигори Радиои Ватан, пирӯз шуд. Мақоми дувумро Мавзунаи Муҳаммадалӣ, хабарнигори рӯзномаи “Вечёрка” ва мақоми севумро Таҳмина Назрихӯҷаева, хабарнигори Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, ишғол карданд.

Дар сабқати футболи хурд дастаи “Матбуот” соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи “Телевизион” ҷойи дувум ва дастаи Кумитаи миллии олимпӣ ҷойи севумро азони худ карданд.

Сабқати баскетбол бо пирӯзии дастаи Кумитаи миллии олимпӣ анҷом ёфт. Дастаи “Журналист” ҷойи дувумро гирифт.

Ғолибони мусобиқот ва соҳибони ҷойҳои дувуму севум бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба ширкаткунандагон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда шуд.

XS
SM
MD
LG