Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба Тоҷикистон 830 000 тонна нафти бе боҷи гумрукӣ медиҳад


Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. Ин созишномаи миёни Душанбеву Маскав ҳанӯз соли 2013 қабул шуда ва аммо танҳо охири ҳафтаи гузашта аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо шуд. То кунун ин санад муваққатӣ амал мекард.

Дар ин созишнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ҳақ надорад, ин миқдор маҳсулоти нафтии бе боҷи гумрукиро ба кишвари севум, аз ҷумла Афғонистон, интиқол диҳад. Вагарна Маскав иҷрои ин созишномаро якҷониба қатъ хоҳад кард.

Дар гузашта Тоҷикистон мехост, ҳаққи реэкспорти маҳсулоти нафтии бе боҷи гумрукиро ба кишвари севум дошта бошад ва ҳатто пешниҳод карда буд, ки омода аст барои содироти дигарбора боҷи гумрукӣ супорад. Боҷи гумрукӣ ба маводи нафтӣ аз моҳи майи соли 2010 ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудани Тоҷикистон аз сӯи Русия ҷорӣ шуд ва сабаби боло рафтани қимати сӯзишворӣ ва куллан нархҳо дар кишвар гашт.

Воридоти бидуни боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия аз ҷумлаи имтиёзҳоест, ки Маскав дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистон ва аз ҳаққи иҷораи ин пойгоҳ даст кашидани Душанбе ба ин кишвар ато кард.

Думаи давлатӣ – порлумони Русия – ин қарордодро дар нимаи дувуми моҳи июни соли ҷорӣ тасвиб намуд ва Юрий Сентюрин, муовини вазири энержии Русия, гуфт, ки тибқи ин санад ҳукумати Русия бояд ҳар сол то 1 октябр ҳаҷми умумии маводеро, ки аз боҷ озод хоҳад кард, муайян намояд. Сенатюрин гуфт, ҳаҷми маҳсулоти нафтие, ки бе пардохти боҷи гумрукӣ имсол ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд, 830 ҳазор тонна муқаррар гардидааст.

Муқоисаи нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки нархи аз ҳама баланди бензину дизел дар Тоҷикистон будааст. Тоҷикистон манобеи зиёди нафт ва тавони тавлиди бензину соляркаи кофӣ дар худи кишварро надорад ва маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад.

Дар якуним соли охир нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ ба маротиб арзон шуд, вале дар Тоҷикистон нархи бензину солярка чандон тағйир накард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нархи маҳсулоти нафтӣ дар Русия – манбаи асосии таъмини бозори бензину дизели Тоҷикистон – тағйир наёфтааст ва аз тарафи дигар, интиқоли ин маҳсулот аз Русия то Тоҷикистон харҷи зиёд дорад.

Қарор аст, дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо кумаки Чин як корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ бино шавад. Вале то сохта шудани ин корхона зоҳиран Тоҷикистон ҳамчунон маҷбур аст, маҳсулоти нафтиро дар шакли тайёр, вале бо нархи нисбат ба нафти хом хеле баландтар аз хориҷ ворид кунад.

XS
SM
MD
LG