Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров мегӯяд, ки почтаашро "шикастаанд"


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз рахна шудани почтаи электорниаш аз сӯи афроди номаълум хабар дод. Ӯ дар саҳифаи расмии худ дар Facebook навиштааст, рӯзи 1 июл почтаи электрони ӯ - r.zoir@mail.ru аз сӯи афроди ба таъбири ӯ “нобакор” шикаста шудааст.

Зоиров мегӯяд, то ба ҳол ба почтаи эелектрониаш, ки дар он аз ҷумла маълумоти марбут ба ҳизб маҳфуз буданд, дастрасӣ надорад. Аз ин рӯ, раиси ҲСДТ аз дӯстону ҳамкоронаш хоҳиш кардааст, ки муваққатан ба ин почтаи электронии вай номаву мактуб нанависанд ва аз “беҷавоб мондани мактубҳои худ хафа нашаванд”.

Дар идомаи ин изҳороти кӯтоҳ Раҳматилло Зоиров навиштааст, ба зудӣ дар марвиди нишони нави почтаи электронии хеш хабар хоҳад дод. Раҳматилло Зоиров, ки ба ҷуз аз роҳбарии ҲСДТ, инчунин, фаъолияти адвокатиро низ пеш мебурад. Аммо пас аз қабули қонуни нав дар бораи фаъолияти адвокатӣ, ки супурдани имтиҳонро барои вакилон пешбинӣ мекунад, ӯ имтиҳон насупорид ва аз ин рӯ аз ҳаққи пеш бурдани фаъолияти адвокатӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ дар Тоҷикистон маҳрум шуд.

Ин аст, ки вай фаъолияти адвокатиашро дар Қазоқистон пеш мебарад ва ҳоло бештари ватқашро дар он ҷо сипарӣ мекунад.

Шикаста шудани почта ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии мухолифон ва хабарнигорони мустақил дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Қаблан чанде аз хабарнигорони мустақил аз шикаста шудани саҳифаашон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG