Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 қурбонии боронҳои шадид дар Покистон


Мақомоти Покистон мегянд, ки дар селобҳои ғайричашмдошти шаби гузашта дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон 43 нафар ҷон бохтаанд.

Мағфират Шоҳ-раиси вулусволии Читрол субҳи 3 июл гуфт, боронҳои шадиди мавсимӣ шабона як масҷид ва чанд хонаро дар Арсун-минтақае дар Читрол шустааст.

Вай гуфт, ки ҳавои бад ба амалиёти наҷот мушлкил пеш оварда буд, вале аксари ҷасадҳоро пайдо ва шиносоӣ кардаанд. Читрол минтақаи шимолии Покистон дар марз бо вилояти Бадахшони Афғонистон қарор дорад.

Дар ҳодисаи дигар дар наздикии обанбори Тарбела дар шимоли шарқи аёлати Хайбар паштунхвоҳи Покистон дар натиҷаи боронҳои шадид боми хонае фурӯ рафтааст. Ду муҳандиси чинӣ кушта ва 5 корманди покистонӣ ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG