Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоманеӣ: "Масъалаҳои Сурияро бо Амрико ҳамоҳанг намекунем"


Оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон гуфтааст, ки Теҳрон ҳеҷ гоҳ масъалаҳои Сурия ва муноқишаҳои дигари Ховари Миёнаро бо Амрико ҳамоҳанг намекунад.

Ин суханон дар торнамои вай ба нашр расидааст ва вай мегӯяд, “мо намехоҳем чунин масъалаҳоро ҳамоҳанг кунем, зеро ҳадафи аслии Амрико қаъти ҳузури Эрон дар ин минтақа аст”. Вай ин суханонро дар мулоқот бо донишҷӯён баён доштааст.

Хоманеӣ ҳамчунин бори дигар аз Амрико хостааст, ки мудохила ба умури минтақаро боздорад. Теҳрон Вашингтонро дар ин минтақа душмани худ медонад.

Ин ду кишвар дар Сурия дар ду тарафи муноқиша қарор доранд. Эрон аз президент Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад, вале Ғарб ҷонибдори баъзе гурӯҳҳои шӯришӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG