Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагон дар Ироқ ба 119 нафар расид


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки дар таркиши як мошини бамгузоришуда дар Бағдод дастикам 119 нафар расидааст. Ин ҳамларо тундравҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ анҷом додаанд.

Шумораи кушташудагонро мақомоти пулиси Бағдод ва бемористон таъйид кардаанд, вале аз худ ном набурдаанд, зеро ҳақ надоранд дар ин бора ба матбуот хабар диҳанд. Тақрибан 190 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар соатҳои аввали субҳи 3 июл дар як сомонаи интернетӣ масъулияти ин ҳамларо тундравҳои Давлати Исломӣ бар дӯш гирифтаанд. Ин ҳамла дар маркази пуродами тиҷоратӣ дар Бағдод рух додааст. Эъломияи тундравҳворо манобеи мустақил таъйид накардаанд.

3 июл дар таркиши бами дуввум дар қисмати шарқии Бағдод 5 нафар кушта, 16 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом гирифтаанд, ки нируҳои ҳукуматии Ироқ шаҳри Фалуҷаро аз тундравҳои Давлати исломӣ ба контроли худ дароварданд.

XS
SM
MD
LG