Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳими Мусулмониён -- донишманд ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик дар синни 78-солагӣ аз дунё даргузашт.

Шаҳрзоди Амин, яке аз пайвандони Раҳими Мусалмониён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз солҳо ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд ва қабл аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 2-юми июл дар манзилаш дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.

Маросими намози ҷанозаи Раҳими Мусулмониён баъд аз зӯҳри якшанбе дар масҷиди Сариосиёи Душанле баргузор шуд ва ҷасади ӯро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурданд

Раҳим Мусулмониёни Қубодиёни соли 1938 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни дар хонаводаи деҳқон ба дунё омада ва соли соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Ӯ аз ҷумлаи пуркортарин мунаққидон ва адабиётшиносони кишвар буда, солҳои 90-и асри гузашта дар раъси ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва талошҳои демократӣ қарор дошт.

Раҳими Мусулмониён, ки устоди факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд, дар солҳои 1990-ум баъд аз фурӯзон шудани оташи ҷанги дохилӣ ба Эрон муҳоҷират кард ва дар соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ муддате пас аз бозгашт ба Ватан гирифтори маризии фаромӯшхотирӣ шуд, ки то ба лаҳзаҳои маргаш домангирӣ ӯ буд.

Вай дар Эрон маҷмӯаи рисола ва мақолаҳояшро дар китобе бо номи “Посух” ба нашр расонд. Раҳими Мусулмониён ҳамчунин муаллифи китоби "Назарияи адабиёт" аст, ки дар факултаҳои филология ва журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистон китоби таълимӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, таълифоти Раҳими Мусулмониён аз мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои таҳқиқотӣ, асарҳои таълимӣ ва дастурҳо иборат буда ва ӯ дар тақриз ва мақолаю рисолаҳои илмиаш масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик, аз ҷумла афкори суханварони асримиёнагии форс-тоҷик, робитаҳои адабӣ, эҷодиёти адибони шӯравии тоҷик, масоили назариявии адабиётшиносии муосир ва илми бадеъро таҳлилу таҳқиқ карда буд.

Се сол қабл ҳудуди 4 ҳазор китоб аз ганҷинаи ин донишманд, ки бо кӯмаки ҳамсар ва фарзандони ин шахсияти адабӣ-фарҳангӣ гирдоварӣ шуда буданд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуданд.

XS
SM
MD
LG