Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бангладеш мегӯяд, ҳамлакунандагон аз ДОИШ нестанд


Бангладеш мегӯяд, афроди мусаллаҳе, ки 20 гаравгонро ба қатл расонданд, на пайравони тундравҳои Далати Исломӣ, балки узви гурӯҳи таҳҷоии тундравҳо будаанд.

Асадуззамон Хон-вазири корҳои дохилаи Бангладеш 3 июл гуфт, ин афрод узви Ҷамъияти Муҷоҳидини Бангладеш мебошанд ва фаълоияти онҳо бештар аз даҳ сол аст, ки дар ин кишвар мамнуъ мебошад.

Вазир гуфт, ки ин афрод бо тундравҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ иртиботе надоранд. Давлати Исломӣ иддао кард, ки масъулияти ин кушторҳоро бар дӯш гирифтааст.

Дар давоми тирандозиҳои 11 соатаи дутарафа 2 корманди пулис низ кушта шудаанд. Ҳукумат пайваста инкор мекунад, ки гурӯҳҳои тундрави байналмиллалӣ дар Бангладеш фаъолият намекунанд.

Пулис ном ва аксҳои шаш нафареро, ки дар поёни ҳамла ба тарабхона кушта шуданд, чоп кардааст. Нафари шашум боздошт шудааст ва ҳоло нируҳои кашфи Бангладеш вайро бозпурсӣ мекунанд.

Пулис мегӯяд, ки дар ин ҳамла 9 итолёӣ, 2 банглодешӣ, як ҳинду ва як шаҳрванди Амрико кушта шудаанд. 13 нафар гаравгони дигар наҷот дода шудаанд. Шӯрои Амнияти СММ ин ҳамларо маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG