Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ арзи сокинонро шунид. Натиҷа чӣ хоҳад буд?


Мақомоти Хуҷанд мегӯянд, арзи сокинони яке аз маҳаллаҳои ин шаҳрро, ки алайҳи бунёди биноҳои бисёртабақа дар майдони назди манзилашон эътироз карда буданд, ба баррасӣ гирифтааст ва рӯзҳои наздик посухи ниҳоӣ хоҳанд дод.

Дар ҳоли ҳозир иҷрои корҳои омодагӣ ба сохтмони ду бинои 9-ошёна дар маҳаллаи Мевағули Хуҷанд, ки бо буридани дарахтони ҷои сохтмон оғоз ёфта буд, мутаваққиф карда шудааст.

Маъруф Муҳаммадҷонзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз омӯзиши санадҳои пешниҳоднамудаи сокинон, ба дархости онҳо посухи ниҳоӣ хоҳанд дод. Ба гуфтаи вай, санадҳо дар бораи ба биноҳои истиқоматӣ мутааллиқ будани замини мавриди баҳсро намояндагони маҳаллаи Мевағул дар мулоқот бо раиси шаҳри Хуҷанд дар ихтиёри ҳукумат гузоштанд.

Вай афзуд: “Он ҳуҷҷатҳои иловагиро барои омӯзиш ва баррасӣ ба шӯъбаи меъмориву ҳуқуқшиноси ҳукумат додем. Онҳо хулосаи худро баён мекунанд ва мо хулосаи ниҳоии худро дар бораи сохтмони биноҳои мавриди баҳс, рӯзҳои наздик мебарорем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Муҳаммадҷонзода, ҳоло танҳо ин санадҳост, ки метавонад фикри мақомотро дигар кунад ва сохтмони бинои нав боздошта шавад: “Чунки аз рӯи меъёрҳои сохтмон ва хулосаи аъзои гурӯҳи комиссияи кории ҳукуматӣ бо иштироки намояндаи кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҷумҳуриявӣ дар он ҷо бинои нави истиқоматӣ сохтан мумкин аст.”

Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Мевағул, он санадҳо ба бинои кооперативии рақами 9 мансуб будани замини мавриди баҳс ва тибқи меъёри сохтмон барои бунёди бинои бисёртабақаи дигар танг будани онҷо баён шудааст.

Санам Отаҷонова, раиси бинои 9-и ин маҳал мегӯяд, ки “мо ба вохӯрӣ бо раиси шаҳр чор нафар намояндаи маҳалла рафта будем. Ҳуҷҷатҳоро ба мақомот додем. Аммо ҳоло ҳам диламон хавотир аст, ки баъди Иди Рамазон омада буридани дарахтони назди хонаамонро сар накунанд. Агар арзамонро бо роҳи қонунӣ ба манфиати мо ҳал накунанд, ба раиси вилоят муроҷиат мекунем.”

Ёдрас мешавем, ки сокинони чаҳор бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи Мевағули Хуҷанд аввалҳои моҳи гузашта ба нишони эътироз аз бунёди биноҳои 9-ошёна нав дар назди хонашон, ҳамоиш баргузор карданд. Кӯдакону калонсолони ин маҳалла шиорҳо дар даст аз раисҷумҳур хоста буданд, ба сохтмони биноҳои нав иҷоза надиҳад, чунки онҳо кӯдаконро аз ҷои бозӣ ва калонсолонро аз ягона ҷои сайругашт, маҳрум мекунад.

Онҳо мегӯянд, садои эътирози худро баъди он баланд карданд, ки ба муроҷиатҳои батакрори онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ посухи радд дода шуд ва коргарон ба буридани дарахтони ҷои сохтмон сар карданд. Дар Тоҷикистон, ки ҳаргуна тазоҳурот ва ё гирдиҳамоии беиҷоза мамнӯъ аст, ингуна таҷаммӯи мардум мақомотро асабонӣ мекунад.

Муроҷиат ба Раҳмон: "Бобоҷон ба мо ёрӣ диҳед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00

Онҳо мегӯянд, аз мақомот танҳо риояти ҳуқуқҳояшонро, ки меъёрҳои қоидаҳои сохтмон дар Тоҷикистон пешниҳод мекунад, талаб доранд. Мувофиқи он, ҳар бино бояд дорои майдончаи бозии кӯдакон, ҷойи истироҳати калонсолон, ҷой барои машғулиятҳои варзишӣ, объектҳои таъиноти хоҷагидошта ва ҳудудҳои сабзазоркунӣ бошад. Ҳамчунин, меъёрҳои расиши нури офтобу рӯшноӣ ба бино таъин карда шудааст.

Ин мухолифати сокинони Хуҷанд ба бунёди биноҳои нав дар назди биноҳои кӯҳна ягона нест. Соли гузаштаи 2015 низ дар маҳаллаи 31 - уми Хуҷанд сокинон ҳамин тавр алайҳи сохтмони бинои наве дар назди хонаашон, ки фазоро ба онҳо танг мекунад, садо баланд карданд. Мақомот маҷбур шуданд сохтмони он биноро, ки ҷои пойдевораш кофтаву омода шуда буд, қатъ ва сипас он тарҳро бекор кунанд.

XS
SM
MD
LG