Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи Тоҷикистон даҳҳо хона осеб дидааст


Бино ба гузоришҳо, дар зилзилае дар Тоҷикистон даҳҳо хона осеб дидааст. Дар бораи ҷароҳат бардоштани одамон гузориш дода намешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки маркази ин зилзила дар 200 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар минтақаи Рашт будааст.

Зилзила шоми рӯзи 1 июл рух додааст ва шиддати он 5,4 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст. Мақомоти минтақаи Рашт мегӯянд, ки мизони пурраи хисороти ба бор омада аз ин зилзила ҳисоб мешавад.

Ҳафтаи гузашта дар Қирғизистони ҳамсоя ба шиддати 6,7 дараҷа зилзила рух дода буд.

XS
SM
MD
LG