Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар аз 600 зиндонӣ дар Туркманистон афв мешаванд


Матбуоти давлатии Туркманистон мегӯяд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар ба муносибати иди Рамазон 612 зиндниро афв кардааст, ки дар миёни онҳо 26 шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд.

Матбуот ҳуввият ва миллияти шаҳрванди хориҷии афвшударо ошкор накардааст. Бердимуҳаммадов дар давоми сол ба муносибати идҳову ҷашнҳои давлатӣ ин гуна фармонҳо содир мекунад.

30 июн шуморе аз фаъолони маъруфи ҳуқуқи башари ин кишвар дар номае аз раиси ҷумҳур хостанд, ки Сапармамед Непескулиев-хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ раҳо шавад.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки Непескулиев бо иттиҳоми “сохта” 31 август боздошт шуд ва гӯё бо худ маводи мухаддир дошт. Вай аз моҳи сентябри соли гузашта то ҳол бо хешовандонаш мулоқот накардааст.

Соли 2015 ҳукумат тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он шахсони бо маводи мухаддир гирифторшуда афв намешаванд.

XS
SM
MD
LG