Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Сербистон мегӯяд, ки дар як тирандозӣ дар қаҳвахонае дар шимоли кишвар 5 нафар кушта, 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин ҳодиса дар рустое дар наздикии Зренҷанин дар 80 километрии Белград-пойтахти Сербистон рух додааст. Пулис мегӯяд, ки 2 июл марде субҳи барвақт ба қаҳвахона ворид шудааст ва аз аслиҳаи оташзо ба сӯи муштариёни қаҳвахона тирандозӣ кардааст.

Ин мардро боздошт кардаанд. Дар эъломияи пулис гуфта мешавад, ки ин мард бо номи З. С. аввал занаш ва зани дигареро паррондааст ва сипас тирандозӣ ба сӯи афроди дигарро дар қаҳвахона шуруъ кардааст.

РТС-телевизиони давлатии ин кишвар гуфтааст, ки расидагӣ ба ин ҳодиса идома дорад, вале мушкилоти асосии занушавҳарӣ сабаби ин тирандозӣ шудааст.

Пулис мегӯяд, ки вазъи 7 нафар захмиҳо ҷиддӣ аст.

XS
SM
MD
LG