Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 сифрро аз пули миллии Беларус бардоштанд


Пули нави Беларус
Пули нави Беларус

Беларус дар арзиши пули миллии худ тағирот ворид кард. Масалан, то ҳол як доллар ба 20 000 рубл баробар буд. Акнун чаҳор сифри онро бардоштанд ва арзиши як доллар 2 рубли беларусӣ хоҳад буд. Ҳадафи чунин иқдом кӯмак ба иқтисоди ақибмондаи Беларус арзёбӣ мешавад.

Ин кишвари дорои 10 миллион нафар аҳолӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва касби истиқлол дар соли 1991 бори аввал даст ба чунин кор задаааст.

Бонки миллии ин кишвар мегӯяд, ки пулҳои кӯҳна то охири соли ҷорӣ дар гардиш нигоҳ дошта мешаванд, вале то соли 2022 бояд нобуд шаванд.

Бисёре аз аҳолии Беларус аз ин хабар хушҳол нестанд. Игор Трофимчук-муҳандиси 46 сола ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, “маълум аст, ки ин пул моро сарватманд нахоҳад кард”.

Рушди иқтисоди Беларус, ки ба энержии арзони Русия ва қарзҳо пойбанд аст, соли гузашта 4 дарсад поин рафтааст. Соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад, ки рушди он 3 дарсадро ташкил диҳад.

Ҳукумати президент Александр Лукашенко мехоҳад, ки аз Сандуқи Байналмиллалии Пул 3 миллиард доллар барои наҷоти молӣ қарз бигирад.

XS
SM
MD
LG