Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як наққоши тоҷик, ки дар ятимхона бузург шудааст, ҷоизапулии худро ки 2 миллион рубл аст ба ятимон мебахшад.

Вафо Назаров, наққоши мардумии Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Мински Белорус ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»-ро соҳиб шуд. Наққоши тоҷик барои баргузор кардани намоишгоҳи тасвирҳояш дар 39 кишвари ҷаҳон, бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуд. Ҷоизаро бо чеки 30 ҳазор долларӣ Пулод Булбулоғу, раҳбари Кумитаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» ба ин рассом супурдааст.

Вафо Назаров, ки дар шашсолагӣ аз падару модар сағир монда дар ятимхона бузург шудаст, мехоҳад бо тақдими ин ҷоизапулӣ каме ҳам бошад ғамхории давлатро дар замони ятимияш ҷуброн кунад. Ҳамакнун тасмим дорад ин миқдор маблағро барои бачаҳои ятимхона сарф кунад.

Вафо Назаров рӯзи 1-уми июл бо Радиои Озодӣ дар робита ба ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» ва тасмими хайр кардани 2 миллоин рублаш ба ятимон суҳбат кард:

Вафо Назаров: Як рӯз назди дӯстонам ба Вазорати фарҳанг рафтам ва онҷо ба ман гуфтанд, ки туро барои ҷоиза пешниҳод кардем. Он вақт дар баробари ман ду нафари дигар ҳам пешниҳод шуда будааст. Баъд, моҳи декабри соли гузашта ба ман гуфтанд, ки барои ин ҷоиза, ки аз сӯи ИДМ дода мешавад, ҳуҷҷатҳоямро фиристам. Яъне ҳуҷҷатҳо дар бораи кори рассомии ман ва иштирокам дар намоишгоҳҳои дохиливу байнулмилалӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд ва моҳи майи соли 2016 ба ман аз Мински Белорус тамос гирифтанду табрик карданд, ки ман барои ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” интихоб шудаам ва бояд 11 июн ба Минск равам то онҷо маросими ҷоизасупорӣ баргузор мешавад. Ҳамин тавр ман ин ҷоизаро гирифтам. Бояд гӯям, ки ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод”-ро барои фаъолияти донишмандону ҳунармандон дар рушди илму фарҳанг дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ тақдим мекунанд. Ин ҷоиза ҳамасола аст.

Радиои Озодӣ: Дар баробари шумо барои ин ҷоиза аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар киҳо рақобат мекарданд?

Вафо Назаров: Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони 9 давлат аз кишварҳои ИДМ ширкат доштанд. Интихоби афроди арзанда ба ин ҷоиза аз рӯи 12 бахш,аст. Бояд гӯям, ки интихоб хеле ҷиддӣ аст, асос ин, ки дар 25 соли охир дар кишварҳои ИДМ чӣ корҳои назаррас анҷом додаӣ. Аз ин хотир соҳибони ин ҷоизаро ҷиддӣ интихоб мекунанд. Аз Тоҷикистон се нафар пешниҳод шуда буданд, аммо ман танҳо ҷоизаро гирифтам. Имсол дар маҷмӯъ шаш ҷоиза буд, як ҷоизаро гурӯҳи сенафараи кормандони “Боғи ботаники”-и Белорус гирифт, панҷ ҷоизаи дигарро намояндаи Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озорбойҷон ва Русия соҳиб шуданд. Ин ҷоиза дар баробари нишони сарисинагӣ ва диплом бо 2 миллион рубли русӣ ҳам дорад. Ман мехоҳам ин ҷоизапулиро ба афроди ятим ва нодор бахшам.

Радиои Озодӣ: Албатта пул барои ҳама ниёзмандиҳои мардум зарур аст ва нафарони камеро пайдо кардан мумкин аст, ки пули калонро хайр кунанд. Шумо бо кадом ангезае ин иқдомро руи даст гирифтед?

Вафо Назаров: Чун ман худам ва ҳамсарам аз шашсолагӣ ятим мондем ва солҳо дар хонаи бачаҳои ятим бузург шудаву тарбия ва дониш омӯхтем. Аммо мехоҳам қисме аз ин маблағро барои дӯстонам, ки нодору бемор ҳастанду ҳатто дорупулӣ надоранд, бидиҳам. Боз медонед, ман вақте дар хонаи бачаҳо тарбия мегирифтам, омӯзгорону раҳбарони он барои тарбияи мо бачаҳои ятим хеле заҳмат мекашиданд. Ҳоло онҳо нестанд ва ҳатто болои қабри онҳо як санге надорад, мехоҳам гӯрашонро обод кунам. Ин барои ман бори аввал нест, чун чанд соли пеш ҷоизаи Рӯдакиро ҳам ба чунин роҳ харҷ кардам.

Радиои Озодӣ: Шумо фарзанди бепадару модар бузург шудед. Чӣ тавр ин ҳунарро дар худатон кашф кардед. Чи гуна ин роҳро барои худ боз кардед?

Вафо Назаров: Соли 1943 вақте падарам ба ҷанг рафт, дигар барнагашт ва модарам баъди ду соли дигар вафот кард. Маро раҳбари мактаби деҳае, ки таваллуд шудам -- Зулмободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шуробод) як муддат дар тарбияи худ гирифт ва дигар ба хонаи бачаҳо супурд. Ман аз хурдӣ замоне, ки худамро мешиносам, ҳар қаламро мегирифтаму мекашидам. Ин як истеъдод аст. Агар шумо донед, бархе кӯдакон ин ҳунанро аз замоне, ки худро мешиносанд, доранд ва вақте дар дасти онҳо қалам расид, ҳатман ба дару девор ба таври дили худ акс мекашанд. Ман ҳам ҳамин тавр будам. Баъди чанд сол маро дар пайи як озмун барои ҳунари наққошиям аз ятимхонаи Шӯрообод ба ятимхонаи Душанбе фиристоданд. Дар инҷо ҳунарҳои дигарро ҳам омӯхтам. Ҳамин тавр дар Душанбе мондам ва бо духтаре аз ҳамин хонаи бачаҳо оиладор шудам. Ҳунари наққошӣ зиндагии маро аз хурдсолӣ тағйир дод ва то имрӯз аз ҳамин ҳунар зиндагии худро пеш мебарам

Радиои Озодӣ: Дар наққошиҳоятон кадом жанрро истифода мекунед.

Вафо Назаров: Аз табиати Тоҷикистон илҳом мегираму дар ҳама жанр наққошӣ мекунам. Вале равияи мушаххас гӯем, албатта пейзаж аст. Аз чеҳраи кампиру муйсафед то сангҳои қиматбаҳои кишварро тасвир мекунам. Ҳамчунин мавзӯъҳои таърихиро ҳам ба тасвир мекашам. Симои шоиронро низ наққошӣ мекунам. Бо ин ҳама наққошиҳоям дар даҳҳо намоишгоҳҳои байнулмилии 39 кишвари дунё ширкат кардам ва ин ҳунарро муаррифӣ кардам.

Радиои Озодӣ: Аз замони бачагӣ чӣ хотира доред? Зиндагиятон дар хонаи бачаҳоро ҳам дар асарҳоятон тасвир мекунед?

Вафо Назаров: Бале. Дар наздикии ятимхона як дарахте буд, ки ба ҳам печида, ва офтоб аз паси ӯ менишаст. Аз пушти ин манзара як роҳе буд, ки одамон рафтуомад мекарданд. Мо бачаҳо онҷо менишастем ва ҳар нафаре, ки ин тарафу он тараф рафтуомад мекард, ба ҳамдигар мегуфтем, ки падари ман меояд. Инхел ҳодисаҳо бисёр буданд ва ман тасвир кардаам албатта. Чун ин ҳама ёде аз он даврон аст.

Радиои Озодӣ: Устод, шумо наққошиҳои зиёд доред аз тасвири гул то акси президент. Вале то ҷое медонем, изи дасти шумо дар пули миллии Тоҷикистон ҳаст, ки ин дар таърих хоҳад монд. Барои ин кор чи тур даъват шудед?

Вафо Назаров: Бале. Як сол пеш аз он, ки пули миллӣ барояд, Бонки миллӣ маро ҳамчун рассом барои таҳияи он даъват карда буд. Барои таҳияи пули 3, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳақиқат ҳунари дасти ман ҳаст. Сари ин мавзӯъ бо бонк як сол кор кардам. Махсус барои акси шахсиятҳои бузург, албатта барои ин ҳузури рассом лозим буд. Ҳамин тавр дар Миюхен ин пулро чоп кардем, ки ҳоло дар дасти ҳама ҳаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG