Пайвандҳои дастрасӣ

20 гаравгон дар як тарабхонаи Дакка кушта шуданд


Мақомоти Бангладеш мегӯянд, ки 20 гаравгони як тарабхона дар шаҳри Дакка аз сӯи ҳамлаварон кушта шудаанд.

Як мақоми низомии Бангладеш мегӯяд, ки 20 нафар гаравгонон, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, ҳангоми муҳосира дар тарабхонае дар Дакка кушта шудаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Италия эълон кардааст, ки 9 нафари кушташудагон шаҳрвандони Италия будаанд.

Неруҳои амниятӣ ба ин тарабхона ҳамла бурданд ва 6 марди мусаллаҳро, ки одамонро дар гаравгонӣ нигоҳ медошанд, ба қатл расонданд.

Генерал Наим Ашфақ Чоудрӣ рӯзи 2 июн дар Дакка ба хабарнигорон гуфт, “мо ҷасади 20 нафарро пайдо кардем. Бештари онҳо бераҳмона бо асбоби теғдор кушта шудаанд.” Вале ин генерал дар бораи миллияти кушташудагон маълумот надодааст.

13 нафари дигар дар поёни амалиёт дар мағозаи назди тарабхона наҷот дода шудаанд. 3 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Ашфақ Чоудрӣ гуфтааст, ки аз ин се нафар хориҷӣ як нафар шаҳрванди Ҷопон ва 2 нафари дигар шаҳрванди Шри Ланка будаанд.

Коичӣ Ҳагиюда, муовини Дабири аввали кобинаи вазирони Ҷопон 2 июл зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар Токио дар бораи гаравгонгирии шаҳрванди Ҷопон дар Даккаи Бангладеш гуфт: “Сафорати мо ба мо гуфт, ки кормандони он ба шифохона ба аёдати шаҳрванди Ҷопон рафтаанд ва тавонистаанд бо вай мулоқот кунанд. Вай захмӣ шудааст, вале саломатиаш дар хатар нест”.

Дар маҳаллаи дипломатнишини шаҳри Дакка-пойтахти Бангладеш ҳудуди 100 нафар кормандони пулиси вижа бо ҳимояти 7 зиреҳпӯш ба тарабхонае ҳамла бурданд ва 13 нафар гаравгонон, аз ҷумла 3 хориҷиро раҳо карданд. Дар ин бора пулиси Бангладеш хабар додааст.

Пулис мегӯяд, ки 2 июл дар ҷараёни ин амалиёт 6 марди мусаллаҳ, ки гаравгононро дар тарабхона нигоҳ медоштанд, кушта шудаанд ва ин тарабхона аз тундравҳо пок шудааст. Тундравҳо ҳангоми ҳамла “Аллоҳу Акбар” шиор медоданд.

Дар байни ононе, ки 1 июл ҳангоми ҳамлаи тундравҳо дар тарабхона ғизо мехӯрданд, 2 шаҳрванди Ҷопон, 7 нафар итолёвӣ ва шумораи номаълуми шаҳрвандони Ҳиндустон будаанд. Амалиёти барқвор ва раҳоии гаравгонон ба рӯёрӯии 10-соатаи пулис бо 8 ё 9 нафар афроди хуб мусаллаҳ поён бахшид. Дар ин муддат пулис бефоида талош кард, ки барои раҳоии гаравгонон музокира анҷом диҳад.

Дар поёни амалиёт аз тарафи тарабхона садои ду таркиши бузург ба гӯш расид. Тундравҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин гаравгонгириро ба дӯш гирифта ва гуфтаанд, ки 24 нафарро куштаанд ва акси баъзе онҳоро дар интернет чоп кардаанд. Мақомоти интизомии Бангладеш ин иддаоро рад кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар тарабхона дар маҷмуъ 35 нафар, аз ҷумла 20 корманди он ҳангоми ин ҳодиса ҳузур доштаанд. Пулис ишора мекунад, ки баъзе гаравгонон кушта шудаанд, вале нагуфтааст, ки гаравгонони кушташуда чанд нафаранд.

Пулис ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ба тарабхонаи маҳаллаи Гулшани Дака, маҳаллае ки дар он дипломатҳо зиндагӣ мекунанд, 1 июл тахминан соати 9 шом ба вақти маҳаллӣ афроди мусаллаҳ ҳамла бурдаанд.

Бовар меравад, ки ҳамлакунандагон бо худ мусалсалу норинҷакандоз доштаанд ва баъд аз ҳамла дар беруни тарабхона бо пулис чанд соати дигар тирандозӣ кардаанд.

Марио Палма, сафири Италия дар Бангладеш ба телевизиони Италия гуфтааст, ки дар миёни гаравгонон 7 нафар шаҳрвандони Италия будаанд. “Ин ҳамлаи интиҳорӣ буд. Онҳо мехостанд, ки амалиёти густардаву хунин анҷом диҳанд ва имкони музокира вуҷуд надошт”.

Ин бӯҳрони гаравгонгирӣ дар ҳоле рух дод, ки ахиран дар Бангладеш чанд куштор анҷом гирифт ва тундравҳои Давлати исломӣ ва Ал-Қоида иддао мекунанд, ки либералҳо, ҳамҷинсгароён, хориҷиён ва ақалиятҳои мазҳабиро дар Бангладеш ҳадаф қарор медиҳанд.

Субҳи 1 июл як марди мазҳабии ҳинду дар маъбади ноҳияи Ҷинайда дар 300 километрии Дакка бо корд пора-пора карда шуд. Масъулияти аксари чунин кушторҳоро тундравҳои Давлати исломӣ ва Ал-Қоида бар дӯш гирифтанд.

XS
SM
MD
LG