Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қирғизистон изҳор карданд, ки дар бораи ҳуввияти се нафари худро дар фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Отатурки Истамбул тарконида чизе гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 1 июл изҳор намуд, ки дипломатҳои кишвар дар Истамбул баъд аз пахши хабар дар бораи дар ин ҳамла даст доштани як шаҳрванди Қирғизистон бо намояндагони раёсати зиддитеррори Туркия мулоқот карданд.

"Масъулини мубориза бо терроризм гуфтаанд, ки хабари расонаҳо саҳеҳ нест ва ҳуввияти маргталабҳо баъд аз ташхиси ДНК ва дигар санҷишҳо аз сӯи додгоҳ маълум хоҳад шуд", гуфта шудааст дар изҳороти вазорат..

Руслан Молдаконов, намояндаи консулгарии Қирғизистон дар Истамбул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки натиҷаҳои тафтишот ва, аз ҷумла, натиҷаҳои ташхиси ДНК фақат баъд аз панҷ-шаш рӯз маълум мешавад.

Се маргталаб, ки ҳадс зада мешавад мансуб ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” буданд, шоми 28 июн дар фурудгоҳи ба номи Отатурки Истамбул тирандозӣ карда, баъдан худро таркониданд. Дар ин ҳамлаҳо 44 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 250 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Гумонбарони ҳамла ба фурудгоҳи Истамбул

Гумонбарони ҳамла ба фурудгоҳи Истамбул

Расонаҳои Туркия бо такя ба як мансабдори давлатӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, дар бораи узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Узбакистон будани маргталабҳо хабар доданд.

Аз ин пеш нашрияи “Миллият” ҳадс зада буд, ки дар ҳамлаҳо дар фурудгоҳи ба номи Отатурк шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам даст доранд, аммо ин хабар аз сӯи мақомоти расмии Туркия рад шуд.

Мақомоти амниятии Узбакистон хабари даст доштани шаҳрванди кишвар дар ҳамлаҳо дар фурудгоҳи Истамбулро ташреҳ накарданд.

Сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов гуфт, ки дар бораи ширкати шаҳрванди Русия дар ин ҳамлаҳо иттилоъ надорад.

Аммо дар сурати тайид шудани ширкати шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар ҳамлаҳо дар фурудгоҳи ба номи Отатурк оё муносибати Анкара бо кишварҳои ин минтақа тайғир хоҳад хӯрд?

Аликбек Жекшенкулов, собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса ба робитаҳои дипломатӣ таъсире нахоҳад дошт, зеро аввалан, ҷонибдорони гурӯҳи “Давдати исломӣ” на фақат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар ҳама олам, аз ҷумла, дар Амрикову Аврупо ҳам хело зиёданд ва аз сӯи дигар, ин афрод мустақилона ба Сурия мераванд ва бо хоҳиши худ бо гурӯҳи манъшудаи “Давлати исломӣ” дар тамос мешаванд". Имрӯз Анкара ҳам манфиатдор аст, ки ин ҳодиса паёмадҳои дуру дарозӣ дипломатӣ ба думбол надошта бошад, зеро сиёсатмадорону раҳбарони давлати Туркия хуб медонанд, ки терроризм ва ифротгароӣ бо миллату мансубият ба ин ё он кишвар рабте надорад, меафзояд сиёсатмадори қирғиз.

Аликбек Жекшенқулов

Аликбек Жекшенқулов

Ҳамзамон Аликбек Жекшенқулов иқрор мекунад, ки хабари расонаҳо дар бораи даст доштани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар ҳамлаҳо ба фурудгоҳи ба номи Отатурк шояд барои баъзе аз гурӯҳҳо, аз ҷумла, барои миллатгароҳои Туркия дастак шавад: "Медонед, то андозае як нороҳатии инсонӣ баъд аз ин ҳодиса эҳсос мешавад ва мардум, аз ҷумла, миллатгароҳо онро метавонанд ба тарзҳои гуногун маънидод ва дар ҳадафҳои худ истифода кунанд". Аммо, аз нигоҳи сиёсатмадор, бахши аъзам ва солимақли ҷомеъа дарк мекунад, ки терроризм ба миллат дахл надорад ва аз ин вабои қарни 21 ҳар шаҳрванди ҳар кишвар метавонад осеб бинад".

Аликбек Жекшенқулов меафзояд, вақте амали террористӣ сурат мегирад, бештари кишварҳо талош мекунанд, ки миллати ҳамлагарҳо ошкор нашавад. "Аммо дар ин ҳодиса гурӯҳҳои муайян кӯшиш карданд, ки аз роҳи сунъӣ рӯи кишварҳои мо соя андозанд. Шояд кишварҳои саввуме ба ин манфиатдоранд, ки барои ҳадафҳои тарғиботии худ миллатҳои алоҳидаро бадном созанд. Ва дар ҳоле, ки аз фоҷиа дар фурудгоҳи Истамбул дар Қирғизистон ҳам андӯҳгин шуданд ва дар кишварҳои ҳам", мегӯяд собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон.

Дар ҳамин ҳол кормандони полиси Истамбул 11 шаҳрванди хориҷиро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва эҳтимоли ҳамкорӣ дар ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурк боздошт карданд.

Шабакаи телевизионии Haberturk рӯзи ҷумъа, 1 июл, хабар дод, ки амалиёти боздошт бомдоди рӯзи ҷумъа аз сӯи кормандони раёсати пулис оид ба мубориза бо терроризм дар Бешакшаҳр, қисмати аврупоии Истамбул сурат гирифт. Ба ин васила, дар маҷмӯъ дар робита ба ҳамлаҳои чанд рӯзи пеш дар фурудгоҳи ба нгоми Отатурк 24 нафар дастгир карда шудаанд, омадааст дар хабари шабакаи телевизионӣ.

Тафтиши ҳамлаҳо ба фурудгоҳи ба номи Отатурки Истамбул идома дорад.

XS
SM
MD
LG