Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия тамдид шуданд


Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русияро то поёни моҳи январи соли 2017 тамдид кард. Дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо, ки рӯзи 1 июл баргузор шуд, гуфта шуд, ин тасмим бар пояи арзёбии татбиқи созиши Минск оид ба ҳалли низоъ дар шарқи Украина гирифта шудааст.

Хабари расмӣ дар бораи тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия рӯзи 2 июл нашр хоҳад шуд.

Сафирони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 21 июн дар нишасте дар Люксембург тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия барои шаш моҳи дигар – то моҳи январи соли 2017-ро ҳамоҳанг карданд. Дар он нишаст намояндаи Италия барои он пойфишорӣ кард, ки тасмим дар бораи таҳримҳо баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел рӯзҳои 28-29 июн гирифта шавад.

Мӯҳлати феълии таҳримҳо алайҳи Русия моҳи июл хатм мешуд.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи бахшҳои молиявӣ ва энергетикии иқтисодиёти Русия бори аввал моҳҳои июн ва июли соли 2014 ҷорӣ карда шуданд ва бо гузашти ҳар шаш моҳ тамдид мешаванд.

XS
SM
MD
LG