Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: Ҳаммолӣ аз вазири дузд будан беҳтар аст


Раиси ҷумҳури Қирғизистон аз ҷавонони қирғиз даъват кард, ки дониш биёмӯзанд ва пешаҳоеро интихоб кунанд, ки кишварашон ба он ниёз дорад. Ин матлабро Алмосбек Отамбоев рӯзи 1-уми июн зимни таслими гувоҳинома ва бурсияҳои президентӣ ба даҳҳо хатмкунандаҳои мактабҳои миёна баён дошт.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон бо ишора ба суханони вазири фарҳанги Қазоқистон, ки чанд вақт қабл гуфта буд, ки духтарҳои қирғиз дар Русия фаррошӣ мекунанд, гуфт, ки, "бархе аз вазирон мегӯянд: “Ана, фалонӣ фаррош аст. Мехоҳам бигӯям, ки ман боркашӣ, аловмонӣ ва ҳам роҳрӯбӣ кардаам. Ягон кор ҷойи нанг надорад. Беҳтар он аст, ки фаррош ё роҳрӯб бошӣ, то вазири дузд. Аз ҳеҷ кадом кор шарм накунед, ҳама кор шараф аст”.

Вай хитоб ба ҷавонон гуфтааст, ки "шумо бояд касбҳоеро интихоб кунед, ки ҷомеа ба он ниёз дорад. Ҳоло асри технологияи пешрафта мебошад. Тибқи пажӯҳишҳо, дар панҷ соли оянда Қирғизистон бештар ба мутахассисон дар бахшҳои энержӣ, сайёҳӣ ва саноат ва ҳамин тавр мутахассисони бахши кишоварзӣ ниёз дорад."

Шасту шаш беҳтарин хатмкунандаи мактаб гувоҳинома ва кумакпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сом дарёфт карданд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки 20 дарсади будҷаи кишвар ба бахши маориф равона шудааст.

Отамбоев: Кори ҳаммолӣ аз вазири дузд будан беҳтар аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҳоле ҷавонони кишварашро ба андӯхтани дониш ва азхуд кардани касбҳо даъват кард, ки рӯзи 23 майи соли ҷорӣ Аристонбек Муҳамадиулӣ, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон, ҳангоми сӯҳбат дар бораи эҷодиёти Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, гуфт, ки аз дидани ҳамватанони Чингиз дар Русия ғамгин мешавад.

Вазири қазоқ аз ҷумла гуфта буд, ки "воқен, ҷойи пинҳон кардан нест ва таассуфовар аст, ки ҳар гоҳ ба Маскав ё дигар шаҳрҳо меравӣ, мебинӣ, ки ҳоҷатхонаҳоро духтарони ҷавон ва ҳамсояҳои мо пок мекунанд. Албатта, ин Шуморо маъюс мекунад. Магар ин духтар дар ин овони зебои зиндагӣ сазовори он аст, ки ҳоҷатхонаи ҷамъиятиро покиза кунад?"

Вазири қазоқ дар идома гуфта буд, ки чун дар Қирғизистон ҷойи кор ва оянда нест, бисёре аз қирғизҳо маҷбур кишварашонро тарк кардаанд.

Ин изҳороти вазири вокуниши тунди Бишкекро дар пай дошт ва вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба изҳороти вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон эътирози расмӣ кард. Ин ниҳод 25 май бо таслими ёддошташ ба фиристодаи сафорати Қазоқистон гуфт, изҳороти Муҳамадиулӣ вокунишҳои манфиро ба бор оварда, "ҷавобгӯи рӯҳияи ҳампаймонии ду ҳамсоя нест". Дар номаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон шеваи изҳороти вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон "таҳқиромез" унвон шуда буд.

Шуморе аз чеҳраҳои ҷамъиятии Қазоқистон барои баёнияи ҷанҷолии вазири фарҳанги кишварашон аз мардуми Қирғизистон узр пурсидаанд. Аз ҷумла, Мухтор Тайжан - раиси як бунёди ҷамъиятӣ, Аян Шарифбоева, Аружан Саин - фаъолони маданӣ ва Ормон Шораев, раиси собиқи телевизиони КТК-и Қазоқистон бо нашри баёнияе гуфтаанд, ки изҳороти Аристонбек Муҳамадиулӣ дар бораи қирғизҳо хашми ҷомеа ва ҳукумати Қирғизистонро барангехт. "Барои ин гуфтаҳои вазир мо аз мардуми Қирғизистон маъзарат мехоҳем. Чӣ кунем, ки вазирони бефарҳанг ҳам мешаванд," - гуфта буданд онҳо.

XS
SM
MD
LG