Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷики маҷруҳ дар марзи Сурия бо Туркия


Зоир Усмонов, як сокини ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ҳангоми убур аз марзи Сурия ба Туркия боздошт шуда ва мақомоти турк сабабҳои ба хоки он кишвар ворид шуданашро тафтиш мекунанд.​ Музаффар Юсуфӣ, сардори Раёсати махсуси Додситонии кулли Тоҷикистон оид ба масоили терроризм, рӯзи 1 июл ин хабарро дар суҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард.

Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик аз қазияи боздошти Зоир Усмонов дар Туркия хабар доранд ва вақте ӯ ба Тоҷикистон оварда шуд, сабабҳои ба Сурия рафтан ва пайвастанаш ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пурсида хоҳад шуд.

Бархе аз манобеи дигар мегӯянд, ки Зоир Усмонови 31-сола моҳе қабл боздошт шудаааст ва мақомоти Туркия алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин сокини Ховалинг як сол пеш аз Русия ба Сурия рафта ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 1 июл ба Озодӣ гуфт, Зоир Усмонов ҳангоми набард захмӣ шуда, аз Сурия фирор мекунанд ва дар марзи Туркия боздошт мешавад. "Ҳоло парвандаи ӯро дар Туркия дида истодаанд ва ба Тоҷикистон оварда нашудааст. То анҷоми парвандааш ин сокини Тоҷикистон дар Туркия мемонад," - илова кард мусоҳиби мо.

Ин сокини деҳаи Сари Мазори ноҳияи Ховалинг 11 сол қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта ва давоми ин ҳама солҳо боре ҳам ба назди хонаводааш барнагаштааст. Ҷангихон Одинаев, сардори бахши дин дар ҳукумати ноҳияи Ховалинг, гуфт, аз қазияи боздошти Зоир Усмонов огоҳ мебошанд ва мақомот чанде қабл онҳоро дар ҷараён гузоштаанд, ки ин зодаи Ховалинг дар Туркия дастгир шудааст.

Одинаев афзуд, замони сӯҳбат ба хонаводаи Зоир Усмонов огаҳ шуданд, ки ӯ як сол боз бо хонаводааш дар тамос набудааст. Ӯ мегӯяд, ки хонаводаи Зоир Усмонов то замони боздошти вай хабар надоштанд, ки писарашон дар Сурия қарор дорад. "Мо сӯҳбат кардем, хонаводааш дарак надоштааст. Ҳоло аз Ховалинг тибқи маълумоти мақомот ду нафар дар Сурия қарор доранд, ки яке аз онҳо Зоир Усмонов буд ва ҳоло дастгир шудааст," - гуфт Ҷангихон Одинаев.

Тибқи оморӣ расмӣ, ҳоло аз Тоҷикистон 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта ва ҳудуди 150 тани онҳо то имрӯз дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Аммо 64 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз афви пешниҳодкардаи мақомот аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, касе бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд.

Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ 147 нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

XS
SM
MD
LG