Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА шарти ҳамкорӣ бо Маскав дар Сурияро эълон кард


Паёмадҳои зарбаи ҳавопаймои Сурия ба Ҳалаб
Паёмадҳои зарбаи ҳавопаймои Сурия ба Ҳалаб

Вошингтон ба Маскав пешниҳод кардааст, ки Башор Асадро барои мутаваққиф кардани зарбаҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия мутмаин созад. Дар ин бораи рӯзномаи The Washington Post рӯзи 1 июл хабар дода гуфтааст, ин шарти Амрико барои ҳамкорӣ бо Русия дар умури Сурия мебошад.

Дар Кохи Сафед умедворанд, ки ризояти Башор Асад боиси қатъ шудани бомборони мавқеъҳои мухолифин ва муассисаҳои ғайринизомӣ мешавад. Пентагон омода аст, ки дар посух мавзӯи дар ихтиёри Русия гузоштани иттилоъ оид ба ҷойҳои таҷаммӯи ҳам гурӯҳҳои ифротгарои “Ҷабҳаи Ан-Нусра” ва “Давлати исломӣ” ва ҳам нерӯҳои мухолифинро баррасӣ кунад. Ҳамзамон мақомоти Амрико таъкид мекунанд, ки талабашон барои истеъфои Башор Асад аз мақоми раисиҷумҳури Сурия пойбарҷо мемонад.

Вошингтон ба посухи зуди Маскав ба ин пешниҳод умедвор нест. Дипломатҳои руси муқими Амрико ба ин хабари рӯзнома вокунише накардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, дар Кохи Сафед ин пешниҳодро “хатарнок” меҳисобанд, зеро ба Маскав додани иттилоъ дар бораи мавқеъҳои мухолифини давлати Сурия масъулияти паёмадҳои зарбаҳои ҳавопаймои русӣ ба ин нерӯҳоро бар дӯши Вошингтон хоҳад гузошт.

Эш Картер, вазири дифои Амрико, ба зарурати ҳамкории кишвараш бо Русия дар умури Сурия шубҳа дорад. Маскав ҳама гурӯҳҳоеро, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, террористӣ мехонад. Аз ин рӯ, ба иттилои вазорати дифои ИМА, пешниҳод дар бораи “густариши ҳамкориҳои иттилоотӣ бо Русия” ягон амалиёти муштаракро пешбинӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG